Ҷашни асосӣ: Тоҷикистон Рӯзи истиқлолро таҷлил мекунад

Обуна шудан
Ҳамасола 9-уми сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар - Рӯзи истиқлолро бо шукуҳи хоса таҷлил мекунанд
Дар ин рӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилоятҳо ва ноҳияҳо чун анъана паёмҳои идона ирсол менамоянд. Онҳо дар паёмҳои худ аз дастовардҳои солҳои истиқлолият ёдоварӣ менамоянд.
Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 32-солагии санаи фаромӯшнашаванда таҷлил мегардад.
Мардуми тоҷик сол то сол баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот чораҳои зиёд меандешанд.
Тақвими иду истироҳати сентябрӣ дар Тоҷикистон
Дар рӯзи ид сокинон ва меҳмонони саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои анъанавии идонаро интизоранд, ки марказиашон онҳо дар Душанбе баргузор мешавад. Дар барнома консертҳо, тантанаҳои идона ва албатта оташбозӣ пешбинӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0