Тақвими иду истироҳати сентябрӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Сентябр дар Тоҷикистон ҷашнист, чун сокинони кишвар ин моҳро бо дарси сулҳу Рӯзи дониш оғоз мекунанду Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд
Дар баробари таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ тоҷикистониён дар моҳи сентябр идҳои касбии дигарро низ қайд мекунанд.
Рӯзи 9-уми сентябр рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон мебошаду истироҳатист, соли равон ба рӯзи шанбе рост меояд. Интизор меравад, тоҷикистониён ҳамчунин рӯзи душанбеи 11 сентябр низ истироҳат кунанд.
Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
Дар даҳаи аввали сентябр инчунин санаи 1-ум Рӯзи дониш, 3-юм - Рӯзи авиатсия ва Рӯзи гвардияи миллӣ, 4 - Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад.
Раҳмон дар Данғара дарси сулҳ мегузаронад
Дар ин моҳ ҳамчунин кормандони саноат, роҳсозӣ, бахши ҷангал, мелиораторон иди касбияшонро қайд мекунанд.
Президенту парлумони Тоҷикистон соли равон ҳамчунин иди навро ҷорӣ намуданд, ки он низ моҳи сентябр таҷлил мегардад.
Бар асоси тағйироти ахиран тасвибшуда ба қонун дар бораи рӯзҳои ид, 26-уми сентябр — Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парлумони Тоҷикистон эълон шуд.
Дар ин моҳ ҳамчунин Рӯзи Рӯдакӣ, ки 22 сентябр ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ қайд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0