Мусобиқаи футболи дипломатҳо бо пирӯзии Тоҷикистон анҷом ёфт

© Foto / МИД ТаджикистанаСостоялся турнир по мини-футболу на Кубок Министра иностранных дел Таджикистана
Состоялся турнир по мини-футболу на Кубок Министра иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатии дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурд миёни дипломатҳои кишварҳои гуногун мақоми аввалро касб кард.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, аз 31 август то 6 сентябр бахшида ба 32-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷоми вазири корҳои хориҷӣ баргузор шуд.
Мусобиқаи футзал миёни намояндагони сафоратхонаҳои Эрон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркманистон, Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор гардид.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон маълум шуданд
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот тими мизбон ғолиб, Туркманистон медали нуқра ва тими Русия, ки қаблан бар рақибонаш аз ИА, ИМА ва Покистон пирӯз шуда буд, медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон омодагии фаъолонаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 идома медиҳад.
Машқҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён доранд. Дар озмун ҷавонони то 23-сола ширкат мекунанд.
Онҳо зери раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев тамрин карда, қарор аст, дар гурӯҳи I баромад кунанд.
Лентаи хабарҳо
0