Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон маълум шуданд

© Sputnik Тренер "Истиклол" Игорь Черевченко
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
Обуна шудан
Лигаи футболи Тоҷикистон дар пайи таҳлили фаъолияти бошгоҳу бозигарон дар давоми моҳи август беҳтаринҳоро миёни бозигарон ва мураббиён ном бурд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Капитани дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов беҳтарин бозигар дар моҳи август дониста шудааст.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо такя ба арзёбиҳои Лигаи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки Лигаи футболи Тоҷикистон сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе Игор Черевченкоро беҳтарин мураббӣ дар моҳи август хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷалилов, ки дар ду дидори моҳи гузашта беҳтарин бозигар дар майдон эътироф гардида, ду голи дигар ба самар расонд.
Сборная Таджикистана готовится к CAFA-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Сегрт ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 19 бозигарро даъват кард
Дастаи "Истиқлол" бошад зери роҳбарии Игор Черевченко дар 4 дидори Лигаи олӣ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарро мусовӣ ба анҷом расонид.
Дар баробари ин тими душанбегӣ ба нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 роҳхат пайдо намуд.
Қаблан Черевченко изҳор дошта буд, ки тими "Истиқлол" дар Тоҷикистон ҳарифи ҷиддӣ надорад ва даста зӯрозмоӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - AFC-ро мавриди таваҷҷуҳи асосияш қарор додаст.
Дар зимн Черевченко муҳаббати калон нисбат ба футбол дар байни варзишкорони маҳаллиро таъкид кард, ки майлу хоҳиши инкишофи касбӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0