https://sputnik.tj/20230525/rahmon-tojikiston-hamkori-kishvarhoi-iiao-taqviyat-1057367024.html
Раҳмон: Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳояшро бо кишварҳои ИИАО тақвият бахшад
Раҳмон: Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳояшро бо кишварҳои ИИАО тақвият бахшад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои муштарак бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё - самти афзалиятноки сиёсати миллии Тоҷикистон аст
2023-05-25T20:10+0500
2023-05-25T20:10+0500
2023-05-25T20:10+0500
дар тоҷикистон
иттиҳодияи иқтисодии уросиё
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
тақвият
равобит
русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057135405_0:0:3048:1716_1920x0_80_0_0_7881dfe63cd6037f69859875dff45286.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст.Дар ин бора, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё изҳор дошт.Вай таъкид кард, ки кишвар аллакай бо аксари кишварҳои узв ва нозирони ин иттиҳодия робитаҳои наздики тиҷоративу иқтисодӣ дорад.Пас аз ин раисҷумҳури Тоҷикистон ба камбудиҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар ҷумҳурӣ изҳори назар кард.Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори умедворӣ кард, ки равобит дар ин замина боз ҳам амиқтар хоҳад шуд.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла дар соҳаи нафту газ, кимиёӣ, истихроҷи маъдан ва металлургия вуҷуд дорад.Ба гуфтаи вай, ҳамкорӣ дар ин бахшҳо “ба ташкили нуқтаҳои нави рушд мусоидат мекунад” ва ҷолиб будани иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро афзоиш медиҳад."Ҳамкорӣ бар асоси манфиатҳои муштарак ин дар авлавияти амалҳои мо дар рӯзномаи минтақавӣ мебошад ва мо азм дорем, ки дар оянда ба он риоя кунем", - хулоса кард кишвардори Тоҷикистон.Қаблан маълум шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ба таври маҷози ширкат хоҳад кард.Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.Вай ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷаласа кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба таври маҷозӣ ширкат хоҳад кард.Илова бар ин, барои нахустин бор раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳайси меҳмон ба ин чорабинӣ ташриф овард.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёро ҳамроҳ бо раҳбарони дигари кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки вориди Маскав шудаанд, баргузор кард.
https://sputnik.tj/20230525/emomal-rahmon-spad-shirkat-1057353976.html
иттиҳодияи иқтисодии уросиё
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057135405_203:0:2903:2025_1920x0_80_0_0_87e8546566462393a5f8ca30dc61ec94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иттиҳодияи иқтисодии авруосиё, ҳамкорӣ, тақвият, равобит, сиёсат, иқтисод
тоҷикистон, иттиҳодияи иқтисодии авруосиё, ҳамкорӣ, тақвият, равобит, сиёсат, иқтисод
Раҳмон: Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳояшро бо кишварҳои ИИАО тақвият бахшад
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои муштарак бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё - самти афзалиятноки сиёсати миллии Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст.
Дар ин бора, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки кишвар аллакай бо аксари кишварҳои узв ва нозирони ин иттиҳодия робитаҳои наздики тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Пас аз ин раисҷумҳури Тоҷикистон ба камбудиҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар ҷумҳурӣ изҳори назар кард.
"Маҳдуд будани зарфияти гузаргоҳҳои марзӣ як мушкили бахши логистикӣ аст, ки бояд ҳал шавад", - гуфт Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори умедворӣ кард, ки равобит дар ин замина боз ҳам амиқтар хоҳад шуд.
"Мо ният дорем, ки минбаъд ҳамкориҳои нақлиётӣ ва коммуникатсиониро густариш бидеҳем", - изҳор дошт роҳбари кишвар.
Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла дар соҳаи нафту газ, кимиёӣ, истихроҷи маъдан ва металлургия вуҷуд дорад.
"Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои муштарак ва паркҳои саноатӣ бо шарикон манфиатдор аст", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи вай, ҳамкорӣ дар ин бахшҳо “ба ташкили нуқтаҳои нави рушд мусоидат мекунад” ва ҷолиб будани иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро афзоиш медиҳад.
"Ҳамкорӣ бар асоси манфиатҳои муштарак ин дар авлавияти амалҳои мо дар рӯзномаи минтақавӣ мебошад ва мо азм дорем, ки дар оянда ба он риоя кунем", - хулоса кард кишвардори Тоҷикистон.
Қаблан маълум шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ба таври маҷози ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷаласа кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба таври маҷозӣ ширкат хоҳад кард.
Илова бар ин, барои нахустин бор раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳайси меҳмон ба ин чорабинӣ ташриф овард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёро ҳамроҳ бо раҳбарони дигари кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки вориди Маскав шудаанд, баргузор кард.