Вакил ҷавонони Кӯлобро ба Ватандӯстӣ ва сокинонро ба сарфаи барқ даъват карданд

© ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобвакили парлумон Шарифҷон Ҳакимзода
вакили парлумон Шарифҷон Ҳакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Вакили парлумон дар дидор бо сокинони шаҳри Кӯлоб онҳоро ба сарфакории неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ахиран дар мактаби рақами 50-и шаҳри Кӯлоб вохурии вакили парлумони Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино, Якуми май ва омӯзгорону хонандагони ин муассиса баргузор шуд, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".
Дар ин мулоқот вакили парлумон роҷеъ ба паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон сухан гуфт.
Ҳамчунин зимни суханрониаш ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват кард.
Инчунин вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вакил волидайни онҳоро даъват кард, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан равон намоянд.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
Вакил ҳамчунин сокинонро дар суханронии худ ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил, инчунин захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ даъват кард.
Вай ёдовар шуд, ки кишоварзон, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил рӯёнанд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0