Тоҷикистониён 3 рӯз паиҳам истироҳат хоҳанд дошт

© Sputnik / Рубен ГарсияОткрытие площади "Истиклол" и архитектурного комплекса символа "Истиклол" в городе Душанбе
Открытие площади Истиклол и архитектурного комплекса символа Истиклол в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ба шарофати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки соли равон 32-юмин солгарди он таҷлил мегардад, эълон шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тоҷикистониён дар арафаи солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ 3 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки рӯзи 9-уми сентябр чун анъана бар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид истироҳатӣ мебошад. Соли равон ҷашни Истиқлол ба рӯзи шанбе рост меояд, афзуд ӯ.
"Бар асоси қонунгузорӣ, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад”,- афзуд манбаъ.
Праздничные и выходные дни 
в Таджикистане в июне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Тақвими иду истироҳати сентябрӣ дар Тоҷикистон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон дошт, ки ба ҳамин далел сокинони кишвар рӯзҳои 9,10 ва 11 сентябр таътил хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон ҳамасола бошукуҳ таҷлил гардида, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни маърифатию фароғатӣ гузаронда мешаванд.
Тоҷикистониён дар моҳи сентябр баробари иди Истиқлол, ки таътилӣ мебошад, ҷашнҳои дигари аз ҷумла соҳавиро низ қайд мекунанд, ки истироҳатӣ нестанд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла Рӯзи авиатсия, Рӯзи гвардияи миллӣ, Рӯзи китоб, идҳои кормандони саноат, роҳсозӣ, бахши ҷангал, мелиораторо, рӯзи Маҷлиси Олӣ — парлумони Тоҷикистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0