https://sputnik.tj/20230906/sug-rasona-britoniyo-tonk-sukhta-ukraina-1059238037.html
Сӯги расонаҳои бритониёӣ дар мавриди тонкҳои сӯхтаашон дар Украина
Сӯги расонаҳои бритониёӣ дар мавриди тонкҳои сӯхтаашон дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Бисёре аз техникаи низомии тавлиди кишварҳои ғарбӣ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаҳояшон осебнопазир муаррифӣ мешуданд, дар Украина нобуд гардиданд 06.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-06T11:16+0500
2023-09-06T11:16+0500
2023-09-06T11:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
танк
британия
расона
амалиёт
низомӣ
вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/91/1014449103_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_718cfe9c4e23cc3cdb4284eba686651d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тонкҳои "Челленҷер"-и бритониёӣ, ки тахрибнашаванда муаррифӣ мешуданду ба Украина интиқол дода шуданд, нобуд гардидаанд. Нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ тонкҳои "Челленҷер"-ро нобуд кардаанду расонаҳои ин кишварро дар сӯги тонки "тахрибнашаванда" мондаанд. Рӯзномаи The Guardian пайванди видеои сӯзиши тонкеро нашр кардаст, ки то ҳол аз ҷониби ҳеч рақибе сарнагун нашуда буду зиреҳаш осебнопазир гуфта мешуд. Расонаҳои бритониёӣ мегӯянд, талафи як бонк боке надорад ва баръакс онро қариб пирӯзии тонксозӣ бозтоб медиҳанд, чун гунбади он барҷост. Дар идома таъкид шудааст, ки агар артиши Украина чанд "Челленҷер"-ҳои дигарро талаф диҳад, ҳамон тавре, ки "Леопард"-ҳоро аз даст дод, метавонад паёмадҳои дигар дошта бошад. Дар ин сурат барои нарехтани обрӯ ва аз даст надодани шартномаҳои фурӯш ҳайати украинии тонкҳоро муттаҳам хоҳанд кард, ки таҷрибаю малакаи кофӣ надоранд.Қаблан мақомоти дифои Русия эълон карда буданд, ки даргириҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ нишон дод, ки аслиҳаи таъминнамудаи Ғарб барои Украина низ аз камбудиҳо холӣ нест. Маскав эълон дошта буд, ки ҳар бори таъйиноти низомӣ, ки аз Ғарб барои Украина интиқол дода мешавад, барои нерӯҳои Русия ҳадафи қонунии зарба хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20230905/shoygu-talafot-ukraina-hamla-javobi-1059230632.html
британия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/91/1014449103_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_36e28f3845ee4e61c23faf43e3d59795.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, танк, британия, расона, амалиёт, низомӣ, вижа
дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, танк, британия, расона, амалиёт, низомӣ, вижа
Сӯги расонаҳои бритониёӣ дар мавриди тонкҳои сӯхтаашон дар Украина
Бисёре аз техникаи низомии тавлиди кишварҳои ғарбӣ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаҳояшон осебнопазир муаррифӣ мешуданд, дар Украина нобуд гардиданд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тонкҳои "Челленҷер"-и бритониёӣ, ки тахрибнашаванда муаррифӣ мешуданду ба Украина интиқол дода шуданд, нобуд гардидаанд.
Нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ тонкҳои "Челленҷер"-ро нобуд кардаанду расонаҳои ин кишварро дар сӯги тонки "тахрибнашаванда" мондаанд.
Рӯзномаи The Guardian пайванди видеои сӯзиши тонкеро нашр кардаст, ки то ҳол аз ҷониби ҳеч рақибе сарнагун нашуда буду зиреҳаш осебнопазир гуфта мешуд.
Расонаҳои бритониёӣ мегӯянд, талафи як бонк боке надорад ва баръакс онро қариб пирӯзии тонксозӣ бозтоб медиҳанд, чун гунбади он барҷост.
Дар идома таъкид шудааст, ки агар артиши Украина чанд "Челленҷер"-ҳои дигарро талаф диҳад, ҳамон тавре, ки "Леопард"-ҳоро аз даст дод, метавонад паёмадҳои дигар дошта бошад.
Дар ин сурат барои нарехтани обрӯ ва аз даст надодани шартномаҳои фурӯш ҳайати украинии тонкҳоро муттаҳам хоҳанд кард, ки таҷрибаю малакаи кофӣ надоранд.
Қаблан мақомоти дифои Русия эълон карда буданд, ки даргириҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ нишон дод, ки аслиҳаи таъминнамудаи Ғарб барои Украина низ аз камбудиҳо холӣ нест.
Маскав эълон дошта буд, ки ҳар бори таъйиноти низомӣ, ки аз Ғарб барои Украина интиқол дода мешавад, барои нерӯҳои Русия ҳадафи қонунии зарба хоҳад буд.