https://sputnik.tj/20230905/shoygu-talafot-ukraina-hamla-javobi-1059230632.html
Даҳҳо ҳазор кушта: Шойгу дар бораи талафоти Украина зимни ҳамлаи ҷавобӣ гуфт
Даҳҳо ҳазор кушта: Шойгу дар бораи талафоти Украина зимни ҳамлаи ҷавобӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири дифоъ, дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард
2023-09-05T16:57+0500
2023-09-05T16:57+0500
2023-09-05T16:57+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_0:0:2627:1478_1920x0_80_0_0_4486e2419926381a0ac424ee8c891047.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Аз оғози амалиёти ба истилоҳ ҷавобӣ, артиши Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7600 техникаро аз даст додааст. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳ изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард."Қӯшунҳои мо дар самтҳои Купянск ва Кременск қатъиян амал карда, шаҳраки Новоселовскоеро озод карданд ва мавқеъи худро дар хати ҷабҳа ба таври қобили мулоҳиза беҳтар карданд", - таъкид кард Шойгу. Вазири дифоъ дар идома гуфт, артиши Русия ба тахриби зерсохтори низомии Украина идома медиҳад. Ба таъкиди вай, моҳи август 34 нуқтаи фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, дар давоми як моҳи охир 159 мушаки HIMARS, зиёда аз ҳазор ҳавопамои бесарнишин ва 13 мушаки болдор зада нобуд карда шуд. Амалиёти зиддиҳамлаи Украина дар самтҳои ҷануби Донетск, Артёмовск ва Запороже рӯзи 4 июн оғоз шуд.Киев гуруҳҳои ҷангиро, ки НАТО таълим дода буданд ва бо техникам Ғарб мусаллаҳ буданд, ба ин самт партофт. Владимир Путин изҳор дошт, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ноком шуд.
https://sputnik.tj/20230904/sozishi-ghalla-vaziyati-ukraina-muzokirot-putin-erdughon-1059220047.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_187:0:2416:1672_1920x0_80_0_0_4ccef141c1ba7c350921992ce2d0430b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу талафот украина ҳамла ҷавобӣ
шойгу талафот украина ҳамла ҷавобӣ
Даҳҳо ҳазор кушта: Шойгу дар бораи талафоти Украина зимни ҳамлаи ҷавобӣ гуфт
Ба гуфтаи вазири дифоъ, дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Аз оғози амалиёти ба истилоҳ ҷавобӣ, артиши Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7600 техникаро аз даст додааст.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳ изҳор дошт.
"Бо вуҷуди талафоти азим, режими Киев моҳи сеюм аст, ки талош дорад амалиёти ба истилоҳ зиддиҳамларо анҷом диҳад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасидаанд", - гуфт мавсуф.
Ӯ қайд кард, ки дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард.
"Қӯшунҳои мо дар самтҳои Купянск ва Кременск қатъиян амал карда, шаҳраки Новоселовскоеро озод карданд ва мавқеъи худро дар хати ҷабҳа ба таври қобили мулоҳиза беҳтар карданд", - таъкид кард Шойгу.
Вазири дифоъ дар идома гуфт, артиши Русия ба тахриби зерсохтори низомии Украина идома медиҳад.
Ба таъкиди вай, моҳи август 34 нуқтаи фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ғайр аз ин, дар давоми як моҳи охир 159 мушаки HIMARS, зиёда аз ҳазор ҳавопамои бесарнишин ва 13 мушаки болдор зада нобуд карда шуд.
Амалиёти зиддиҳамлаи Украина дар самтҳои ҷануби Донетск, Артёмовск ва Запороже рӯзи 4 июн оғоз шуд.
Киев гуруҳҳои ҷангиро, ки НАТО таълим дода буданд ва бо техникам Ғарб мусаллаҳ буданд, ба ин самт партофт.
Владимир Путин изҳор дошт, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ноком шуд.