Обхезӣ дар ғарби Туркия: ду кушта, беш аз 30 захмӣ – видео

Обуна шудан
Расонаҳои Туркия хабар додаанд, ки дар рафти амалиётҳои ҷустуҷӯи ва наҷотдиҳӣ зиёда аз 200 нафар, инчунин ҳавопаймо ва чархболҳо иштирок доранд
Бар асари обхезии шадид дар Туркия ду нафар кушта ва 31 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бар асари боришоти борон, қисматҳои баъзе роҳҳо хароб шуда, мақомот аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки дар ҳолати зарурӣ аз хонаҳояшон берун наоянд.
Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Туркия, ба хонаводаҳои осебдида дар ҳаҷми 560 доллар ҷубронпулӣ пардохт хоҳад шуд.
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот 203 нафар, як ҳавопаймо, ду чархбол ва беш аз 50 мошин ширкат доранд.
Қаблан дар бораи бедарак шудани панҷ нафар дар вилояти Киркларелии Туркия дар ғарби ин кишвар дар пайи обхезиҳо гузориш шуда буд.
Селҳои харобиовару маргбор дар Тоҷикистон - аксҳо
Ёдовар мешавем, ки дар борнигариҳои охири моҳи август, ки боиси селу ярч шуд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
КҲФ хабар дод, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0