https://sputnik.tj/20230906/neru-saad-badkhohon-nazdiki-marz-lahiston-1059245272.html
Нерӯҳои СААД бадхоҳонро дар наздикии марзи Лаҳистон "торумор" карданд
Нерӯҳои СААД бадхоҳонро дар наздикии марзи Лаҳистон "торумор" карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи махсуси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, ки низомиёни Тоҷикистонро низ шомил мебошад, як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор ва безарар гардонд
2023-09-06T17:45+0500
2023-09-06T17:45+0500
2023-09-06T17:45+0500
саад
амният ва мудофиа
белорус
размоиш
таҳким
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059227208_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_bcc2f9d087963fbd7414effab0a4155e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Беларус дар наздикии марзи Лаҳистон размоиши Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид. Барномаи размоиши машқҳои тактикии "Ҳамкорӣ - 2023" дар тамрингоҳи Брестский, 4 километр дуртар аз Лаҳистон баргузор шуд, менависад ТАСС.Бар асоси барнома, душман як қисми қаламрави наздисарҳадӣ, аз ҷумла якчанд маҳаллаҳои аҳолинишинро таҳти назорати худ даровардааст. Гурӯҳи махсуси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, афроди мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор ва безарар кард. Якҷоя бо кормандони хадамоти сарҳадӣ ва корҳои дохилӣ минтақаи ишғолшуда озод карда шуд. Дар ин марҳалаи машқҳо воҳидҳои низомии Белорус, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон иштирок дошта, инчунин аз ҳавопаймоҳо, тӯпхонаҳо ва зиреҳпӯшҳо истифода карданд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба размоишҳо дар Белорус беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён ҷалб шудаанд. Тамринро ҳамчунин намояндагони давлатҳое назорат карданд, ки узви СААД набуданд. Раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко пештар изҳор дошта буд, ки ин машқҳо алайҳи ягон кишвари ҳамсояаш равона нашуда, танҳои размоиши тактикӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230906/narishkin-khadamoti-josusii-rusiya-1059241910.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059227208_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b3443c02c68789e5458067ad4a8d79ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
торумор, гуруҳ, мусаллаҳ, ғайриқонунӣ, саад
торумор, гуруҳ, мусаллаҳ, ғайриқонунӣ, саад
Нерӯҳои СААД бадхоҳонро дар наздикии марзи Лаҳистон "торумор" карданд
Гурӯҳи махсуси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, ки низомиёни Тоҷикистонро низ шомил мебошад, як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор ва безарар гардонд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Беларус дар наздикии марзи Лаҳистон размоиши Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Барномаи размоиши машқҳои тактикии "Ҳамкорӣ - 2023" дар тамрингоҳи Брестский, 4 километр дуртар аз Лаҳистон баргузор шуд, менависад ТАСС.
Бар асоси барнома, душман як қисми қаламрави наздисарҳадӣ, аз ҷумла якчанд маҳаллаҳои аҳолинишинро таҳти назорати худ даровардааст.
Гурӯҳи махсуси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СААД, афроди мусаллаҳи ғайриқонуниро ошкор ва безарар кард. Якҷоя бо кормандони хадамоти сарҳадӣ ва корҳои дохилӣ минтақаи ишғолшуда озод карда шуд.
Дар ин марҳалаи машқҳо воҳидҳои низомии Белорус, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон иштирок дошта, инчунин аз ҳавопаймоҳо, тӯпхонаҳо ва зиреҳпӯшҳо истифода карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба размоишҳо дар Белорус беш аз 2,5 ҳазор нафар низомиён ҷалб шудаанд. Тамринро ҳамчунин намояндагони давлатҳое назорат карданд, ки узви СААД набуданд.
Раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко пештар изҳор дошта буд, ки ин машқҳо алайҳи ягон кишвари ҳамсояаш равона нашуда, танҳои размоиши тактикӣ мебошад.