https://sputnik.tj/20230906/muhlati-barhamdihii-tojprombonk-bori-digar-tamdid-shud-1059249639.html
Муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” бори дигар тамдид шуд
Муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” бори дигар тамдид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мӯҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк"-ро бори дигар барои шаш моҳ тамдид карда, барҳамдиҳандаро низ иваз намуд
2023-09-06T19:59+0500
2023-09-06T19:59+0500
2023-09-06T19:59+0500
дар тоҷикистон
қарори додгоҳ
суди иқтисодӣ
"тоҷпромбанк"
тамдид
барҳамдиҳӣ
молия
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мӯҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк"-ро шаш моҳ - аз 1 сентябри соли равон то 1 марти соли оянда тамдид кард, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, қарори додгоҳ рӯзи 5 сентябр бар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз кредиторони асосии бонки барҳамхӯрда боқӣ мемонад, содир шудааст.Ҳамчунин бо қарори додгоҳ барҳамдиханда низ иваз шуд - ба ҷои Фирӯз Шарифов ба ин вазифа Шодмон Холов таъйин шудааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар асоси ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1 августи соли 2023 қатъ карда шуд.Сипас роҳбарияти БМТ эълон кард, ки барои аз сар гирифтани раванди барҳамдиҳии ин ташкилоти қарзӣ ба мақомоти судӣ муроҷиат кардааст.Танзимгар қайд кард, ки "Тоҷпромбонк" ӯҳдадор аст, ки ӯҳдадориҳои боқимондаро дар назди қарздиҳандаҳои худ иҷро намояд.БМТ бар он аст, ки ин бонк дороиҳое дорад, ки тавассути он бояд маблағҳои амонатгузоронро баргардонад.Тибқи иттилои Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, раванди барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” беш аз 7 сол (аз 3 марти соли 2017) идома дошта, дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 миллион сомонӣ пасандози худро бозпас гирифтанд.Аммо то ҳол ҳудуди 170 нафар амонатгузор маблағҳои худро, ки маблағи умумии он 26,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, гирифта натавонистаанд.Иҷозатномаи фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” дар авохири моҳи феврали соли 2017 лағв шуд ва дар авоили моҳи марти ҳамон сол бар асоси ҳукми додгоҳ раванди барҳамдиҳии иҷбории ин бонк оғоз шуд.
https://sputnik.tj/20200726/Se-sol-boz-Tojprombonk-va-Fononbonk-karzi-mizojonro-namedihand-Charo-1031637635.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, тоҷпромбонк, барҳамдиҳӣ, тамдид, муҳлат, додгоҳи иқтисодии душанбе
тоҷикистон, бонки миллӣ, тоҷпромбонк, барҳамдиҳӣ, тамдид, муҳлат, додгоҳи иқтисодии душанбе
Муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” бори дигар тамдид шуд
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мӯҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк"-ро бори дигар барои шаш моҳ тамдид карда, барҳамдиҳандаро низ иваз намуд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мӯҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк"-ро шаш моҳ - аз 1 сентябри соли равон то 1 марти соли оянда тамдид кард, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, қарори додгоҳ рӯзи 5 сентябр бар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз кредиторони асосии бонки барҳамхӯрда боқӣ мемонад, содир шудааст.
Ҳамчунин бо қарори додгоҳ барҳамдиханда низ иваз шуд - ба ҷои Фирӯз Шарифов ба ин вазифа Шодмон Холов таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар асоси ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1 августи соли 2023 қатъ карда шуд.
Сипас роҳбарияти БМТ эълон кард, ки барои аз сар гирифтани раванди барҳамдиҳии ин ташкилоти қарзӣ ба мақомоти судӣ муроҷиат кардааст.
Танзимгар қайд кард, ки "Тоҷпромбонк" ӯҳдадор аст, ки ӯҳдадориҳои боқимондаро дар назди қарздиҳандаҳои худ иҷро намояд.
БМТ бар он аст, ки ин бонк дороиҳое дорад, ки тавассути он бояд маблағҳои амонатгузоронро баргардонад.
Тибқи иттилои Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, раванди барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” беш аз 7 сол (аз 3 марти соли 2017) идома дошта, дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 миллион сомонӣ пасандози худро бозпас гирифтанд.
Аммо то ҳол ҳудуди 170 нафар амонатгузор маблағҳои худро, ки маблағи умумии он 26,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, гирифта натавонистаанд.
Иҷозатномаи фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” дар авохири моҳи феврали соли 2017 лағв шуд ва дар авоили моҳи марти ҳамон сол бар асоси ҳукми додгоҳ раванди барҳамдиҳии иҷбории ин бонк оғоз шуд.