https://sputnik.tj/20230525/davlatali-said-aksariyati-mahsuloti-kishovarzi-dar-viloyati-khatlon-talaf-meyobad-1057358193.html
Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад
Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба далели набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдорӣ бештари маҳсулоти кишоварзии вилоят талаф меёбад
2023-05-25T16:50+0500
2023-05-25T16:50+0500
2023-05-25T16:50+0500
хатлон
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
маҳсулот
нигаҳдорӣ
талафот
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/19/1057351567_0:149:1280:869_1920x0_80_0_0_cd86205aba5cc21802fad62ed46198dc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш дар сеюмин Форуми байналмилалии содиротии "Бохтар Фуд-2023" гуфт, ки дар сол дар вилоят беш аз 1 млн 600 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёз ва қариб 240 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад.Вай гуфт аз ин, ҳамагӣ то 100 ҳазор тонна содирот мешавад.“Мутаассифона, бинобар мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аксарияти маҳсулот талаф меёбанд”, - таъкид кард раиси вилояти Хатлон.Вай илова кард, ки мақомоти Тоҷикистон манфиатдор аст, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро бо мақсадҳои содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монад.Инчунин Давлаталӣ Саид зикр кард, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад.“Мо барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем”, - илова кард раиси вилояти Хатлон.Раиси вилояти Хатлон афзуд, ки барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 адад сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 амборхона бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону содироткунандагон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.
https://sputnik.tj/20230525/eron-iroq-khatlon-sarmoyaguzori-1057348011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/19/1057351567_78:92:1201:934_1920x0_80_0_0_d05df3c8a32f3fc515af673660f31d52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
давлаталӣ саид, аксарият, маҳсулот, кишоварзӣ, вилоят хатлон, истеҳсол, нигаҳдорӣ, хатлон
давлаталӣ саид, аксарият, маҳсулот, кишоварзӣ, вилоят хатлон, истеҳсол, нигаҳдорӣ, хатлон
Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад
Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба далели набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдорӣ бештари маҳсулоти кишоварзии вилоят талаф меёбад
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш дар сеюмин Форуми байналмилалии содиротии "Бохтар Фуд-2023" гуфт, ки дар сол дар вилоят беш аз 1 млн 600 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёз ва қариб 240 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад.
Вай гуфт аз ин, ҳамагӣ то 100 ҳазор тонна содирот мешавад.
“Мутаассифона, бинобар мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аксарияти маҳсулот талаф меёбанд”, - таъкид кард раиси вилояти Хатлон.
Вай илова кард, ки мақомоти Тоҷикистон манфиатдор аст, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро бо мақсадҳои содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монад.
Инчунин Давлаталӣ Саид зикр кард, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад.
“Мо барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем”, - илова кард раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон афзуд, ки барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 адад сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 амборхона бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону содироткунандагон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.