Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Генерали украинӣ вазъ дар ҷабҳаи шарқиро мураккаб хонд

© AFP 2023Военнослужащий Украины
Военнослужащий Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Обуна шудан
Фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина вазъият ҷабҳаи шарқиро шарҳ дода, барои нерӯҳои кишвараш онро мураккаб арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Вазъ дар бахши шарқии ҷабҳа душвор буда, нерӯҳои ҷониби Русия талоши пешравӣ ва озод кардани тамоми қаламрави Донбассро доранд.
Ин нуктаро фармондеҳи нерӯҳои заминии Қувваҳои мусаллаҳи Украина генерал-полковник Александр Сирский баён доштаст.
"Вазъияти амалиётӣ дар самтҳои шарқӣ мушкил боқӣ мемонад. Душман аз нақшаи расидан ба марзҳои вилоятҳои Донетск ва Луганск даст намекашад", - гуфтаст Сирский.
Таъкиди генерали баландпояи украинӣ ба вазъияти душвор дар ҳолест, ки Украина чанд моҳ боз талош дорад, ҳамлаи ҷавобиро роҳандозӣ кунад.
Танк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сӯги расонаҳои бритониёӣ дар мавриди тонкҳои сӯхтаашон дар Украина
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ахиран гуфт, аз оғози амалиёти ба истилоҳ ҷавобӣ, артиши Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7600 техникаро аз даст додааст.
"Бо вуҷуди талафоти азим, режими Киев моҳи сеюм аст, ки талош дорад амалиёти ба истилоҳ зиддиҳамларо анҷом диҳад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасидаанд", - гуфт мавсуф.
Ӯ қайд кард, ки дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард.
Қӯшунҳои Русия дар самтҳои Купянск ва Кременск қатъиян амал карда, шаҳраки Новоселовскоеро озод карданд ва мавқеъи худро дар хати ҷабҳа ба таври қобили мулоҳиза беҳтар намуданд, таъкид кард Шойгу.
Лентаи хабарҳо
0