https://sputnik.tj/20230826/olmon-tojikiston-sokhtmon-muassisa-talim-grant-1059056587.html
Олмон ба Тоҷикистон барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ грант дод
Олмон ба Тоҷикистон барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ грант дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Олмонии Рушд (KFW) барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе пул ҷудо кардааст
2023-08-26T09:32+0500
2023-08-26T09:32+0500
2023-08-26T09:32+0500
дар тоҷикистон
олмон
ҳамкорӣ
созишномаи ҳамкорӣ
грант
маориф
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/19/1059056409_0:195:1586:1087_1920x0_80_0_0_a66cea66345fe244dde40a02844223ba.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин вазорат. Ба иттилои манбаъ, ахиран бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Шартнома байни Вазорати рушди иқтисод ва Бонки KFW баргузор гардид. Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи Шартномаи мазкур 13,9 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки аз аввали марҳилаи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 миллион евро грант ҷалб гардидааст.
https://sputnik.tj/20230630/afzoishi-parvozho-shirkati-somon-eyr-olmon-1057998120.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/19/1059056409_133:0:1582:1087_1920x0_80_0_0_2b2a154e6be054c8437ae1415e2947c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, олмон, созишнома, грантӣ, сохтмон, муассисаҳои таълимӣ
тоҷикистон, олмон, созишнома, грантӣ, сохтмон, муассисаҳои таълимӣ
Олмон ба Тоҷикистон барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ грант дод
Бонки Олмонии Рушд (KFW) барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе пул ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ахиран бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Шартнома байни Вазорати рушди иқтисод ва Бонки KFW баргузор гардид.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи Шартномаи мазкур 13,9 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки аз аввали марҳилаи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 миллион евро грант ҷалб гардидааст.