Тоҷикистон дар ҷашнвораи синамои мусалмонӣ дар Қазон ширкат мекунад

© Sputnik / Alexei Danichev / Гузариш ба медиабонкГосударственные флаги стран во время XIV Международного экономического форума "Россия - Исламский мир: KazanForum"
Государственные флаги стран во время XIV Международного экономического форума Россия - Исламский мир: KazanForum - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2023
Обуна шудан
Намоишҳо асосан мавзуоти арзишҳои умумибашарӣ ва маънавию ахлоқӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз қабили таҳаммулпазирии динӣ ва инсонпарвариро дар бар хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар Қазон ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонон оғоз шуд.
Дар ин чорабинӣ 52 асар аз 21 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон пешкаши тамошобинону ҳакамон хоҳад шуд.
Тамошобинон ва ҳайати ҳакамони салоҳиятдор инчунин асарҳои филмсозони Русия, Эрон, Сурия, Ҳиндустон, Ироқ, Марокаш, Туркия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва ғайраро тамошо хоҳанд кард.
Кори чорабинӣ рӯзи сешанбеи 5 сентябр ифтитоҳ мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти созмондиҳандагон.
Маросими кушодашавии фестивал дар Театри давлатии академии Тотористон ба номи М. Галиасгар Камол сурат мегирад.
Чорабинӣ 5 рӯз идома ёфта, рӯзи 9 сентябр дар бинои ҳукумати шаҳри Қазон ба анҷом мерасад.
Центральный парк в Бактрии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Санаи баргузории синамоҷашни байналмилалии "Тоҷи Сомон" маълум шуд
Намоишномаҳо ба чунин гуруҳҳо тақсим карда мешаванд: филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳ.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ 12 саҳнаи дигар пешниҳод карда мешавад.
Ба барномаи озмуни фестивал филмҳои русӣ ва хориҷӣ дохил шуда, онҳо асосан мавзуоти арзишҳои умумибашарӣ ва маънавию ахлоқӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз қабили таҳаммулпазирии динӣ ва инсонпарвариро дар бар хоҳанд гирифт.
Анҷумани синамои мазкур, дар пойтахти Тотористон аз соли 2005 баргузор мешавад.
Соли 2022 асари “Шӯҳрати хомӯшӣ”-и устоди эронӣ Ноҳид Ҳасанзода барандаи Ҷоизаи Гран-при шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0