Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар шаҳри Бохтар ба сокинон 65,7 млн доллар фурухтаанд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар ин минтақа чӣ қадар аз сокинон доллар хариду фурӯш кардааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадзода таъкид кардааст, ки воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа аҳолиро бо асъори нақд таъмин намудаанд, иитилоъ додааст сомонаи Pressa.tj.
Вай гуфт, ки дар 7 моҳи соли 2023 ба мизоҷон маблағи 65,7 млн доллари нақд фурӯхта, аз мизоҷон 1,2 млн доллари нақд харида шудааст.
Вай илова кард, ки ба санаи ҳисоботӣ дар қаламрави минтақа 17 адад ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар ҳайати онҳо 219 адад хазинаҳои ивази асъор мебошанд, фаъолият менамоянд.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
БМТ: Дар сурати фароҳам шудани шароит сомонии рақамӣ ба роҳ монда мешавад
Инчунин оқои Самадзода зикр кард, ки барориши пули нақд дар минтақа дар давраи ҳисоботӣ маблағи 224,7 млн сомонӣ ва пулҳои фарсудаи аз муомилот гирифташуда маблағи 49,1 млн сомониро ташкил додааст.
Теъдоди воҳидҳои сохтории низоми бонкии минтақаи Бохтар ба санаи 31-уми июли соли 2023 дар маҷмуъ 69 ададро ташкил дода, аз 1 адад Шуъбаи минтақавии БМТ, 39 адад филиалҳои бонкҳо, 6 адад саридораҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 23 адад филиалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат мебошад. Дар таркиби воҳидҳои сохтории мазкур иловатан 298 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0