Аврупо хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст

© AFP 2023 / Atta KenareИранский беспилотник "Мохаджер 10" на выставке достижений оборонной промышленности Ирана
Иранский беспилотник Мохаджер 10 на выставке достижений оборонной промышленности Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки Ғарб аз Эрон хоста буд, ки бесарнишинҳоро ба Русия надиҳад, кишварҳои аврупоӣ хостори хариди бесарнишинҳои ҷумҳурии исломӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Чанде аз кишварҳои аврупоӣ ба идораи низомии Эрон дар робита ба дарёфти ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дархост кардаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ризо Телайник иттилоъ дод.
"То ҳол шумораи онҳое, ки мехоҳанд ҳавопаймоҳои бесарнишини моро бигиранд, ба маротиб афзоиш ёфтааст. Мо ҳатто аз кишварҳои ғарбӣ, бахусус кишварҳои аврупоӣ чанд дархост гирифтаем", - изҳор дошт ӯ.
Мақомдори дифои Эрон таъкид, ки айни ҳол ин кишварҳо намехоҳанд, дар мавриди хариди бесарнишинҳо худро ошкор кунанд.
Дар пасманзари изҳороти Телайиник, кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо аз Теҳрон талаб кардаанд, ки ба ҷониби Русия аслиҳа, бахусус ҳавопаймоҳои бесаринишин, ки гӯё Маскав дар даргириҳо бо Киев истифода мекунад, интиқол надиҳад.
Барражирующий дрон-камикадзе ZALA Ланцет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Мавзӯи бесарнишинҳоро дар макотиби миёна таълим медиҳанд
Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ ба иддаои Ғарб дар мавриди иттиҳомоти бепояи Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ дар даргириҳои Украина посух дод.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар музокирот бо вазири умури хориҷаи Украина, барои мулоқоти низомиёни ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда буд.
Дар ин мулоқот бояд далели истифода аз ҳавопаймоҳои Эрон дар Украинаро ироа мешуд, аммо ҷониби Украина ҳеч далели истифодаи бесарнишинҳои ҷумҳурии исломиро ироа накардааст.
Лентаи хабарҳо
0