https://sputnik.tj/20230904/rahmon-minnikhanov-tojikiston-totoriston-1059203585.html
Раҳмону Минниханов аз зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Тотористон гуфтанд
Раҳмону Минниханов аз зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Тотористон гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Тотористон имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро таъкид кардаанд
2023-09-04T12:34+0500
2023-09-04T12:34+0500
2023-09-04T12:38+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/04/1059203184_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_176cf02f20e092540182e0c9f37f0da1.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбари Тотористон, Рустам Минниханов дар Қасри миллат густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Миннихано, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русия хондаст. Аз ҷумла роҳбари Тоҷикистон ба густариши босамари робитаҳо бо Тотористон ҳавасмандӣ карда, онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Русия номидаст. "Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия. Равобит дар бахши саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шудаанд. Роҳбарон изҳор доштаанд, ки имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ҳанӯз мавҷуд буда, ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки сафари роҳбари Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба такон мебахшанд.
https://sputnik.tj/20230519/minnikhanov-gharb-rusiya-muhosira-qaror-1057239375.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/04/1059203184_75:0:1210:851_1920x0_80_0_0_4d0ea9f90aec425c6da05137b878da4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия, мулоқот, дидор, сармоягузорӣ
ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия, мулоқот, дидор, сармоягузорӣ
Раҳмону Минниханов аз зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Тотористон гуфтанд
12:34 04.09.2023 (Навсозишуда: 12:38 04.09.2023) Роҳбарони Тоҷикистону Тотористон имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро таъкид кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбари Тотористон, Рустам Минниханов дар Қасри миллат густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Миннихано, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русия хондаст.
Аз ҷумла роҳбари Тоҷикистон ба густариши босамари робитаҳо бо Тотористон ҳавасмандӣ карда, онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Русия номидаст.
"Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Равобит дар бахши саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шудаанд.
Роҳбарон изҳор доштаанд, ки имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ҳанӯз мавҷуд буда, ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳ намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки сафари роҳбари Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба такон мебахшанд.