https://sputnik.tj/20230519/minnikhanov-gharb-rusiya-muhosira-qaror-1057239375.html
Минниханов: Ғарб натавонист Русияро дар муҳосира қарор диҳад
Минниханов: Ғарб натавонист Русияро дар муҳосира қарор диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Русия талош дорад равобитро бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки даҳҳо давлатро шомил мебошад, таҳким бахшад, гуфт раҳбари Тотористон
2023-05-19T16:45+0500
2023-05-19T16:45+0500
2023-05-19T16:45+0500
дар русия
иқтисод
форум
қазон
роҳбар
кишвар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102345/00/1023450044_0:0:3119:1754_1920x0_80_0_0_7eb75db40a41aa79314276f25f41e830.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Сарфи назар аз ҳама кӯшишҳои дастаҷамъонаи Ғарб, Русияро дар инзивоъ қарор додан натавонистанд. Ин нуктаро раҳбари Тотористон, Рустам Миннихонов, баён дошта, барои тасдиқи ин изҳорот ташкили форуми байналхалқии иқтисодии "Русия ва ҷаҳони ислом. KazanForum мисол овард, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат доштанд."Хонаи умумии мо давраи душворро аз сар мегузаронад. Раванди мураккаби ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ идома дорад", - изҳор дошт ӯ. Ба гуфтаи раҳбари Тотористон, Ғарб дар сиёсати хориҷии мустақили Русия мувозинати воқеиро ба гегемонияи худ мебинад. Минниханов қайд кард, ки дар ин шароити душвор Маскав сиёсати барпо намудани чаҳони бисёрқутбиро давом медиҳад. Ҳамин тариқ, Русия талош дорад ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи мутақобилан судмандро бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ густариш диҳад. "Омили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мо, умумияти арзишҳои ахлоқӣ мебошад", - афзуд раиси Тотористон. Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи дидгоҳи стратегии "Русия-Ҷаҳони Ислом" соли 2006 таҳти раҳбарии Евгений Примаков ва Минтимер Шаймиев ба унвони як ниҳоди машваратӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо таъсис шуда буд. Солҳои 2006-2009 ин гуруҳ 5 ҷаласаро дар шаҳрҳои Маскав, Қазон, Истанбул, Ҷидда ва Кувайт баргузор кард. Соли 2014 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Минниханов дастур дод, ки Гурӯҳи дидгоҳи стратегиро роҳбарӣ кунаду фаъолияташро барқарор созад. Ҳоло гуруҳ беш аз 50 нафар аз 28 кишвари ҷаҳонро шомил аст, ки раҳбарони собиқи баландпоя, намояндагони илму ҷомеа, доираҳои тиҷоратӣ ва динӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20230517/sarvazir-tojikiston-gustarish-tijorat-totoriston-1057187863.html
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102345/00/1023450044_125:0:2854:2047_1920x0_80_0_0_4c395d07494ec4d3c60a72eadad7f4e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустам минниханов, роҳбар, тотористон, русия, инзивоъ
рустам минниханов, роҳбар, тотористон, русия, инзивоъ
Минниханов: Ғарб натавонист Русияро дар муҳосира қарор диҳад
Русия талош дорад равобитро бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки даҳҳо давлатро шомил мебошад, таҳким бахшад, гуфт раҳбари Тотористон
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Сарфи назар аз ҳама кӯшишҳои дастаҷамъонаи Ғарб, Русияро дар инзивоъ қарор додан натавонистанд.
Ин нуктаро раҳбари Тотористон, Рустам Миннихонов, баён дошта, барои тасдиқи ин изҳорот ташкили форуми байналхалқии иқтисодии "Русия ва ҷаҳони ислом. KazanForum мисол овард, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат доштанд.
"Хонаи умумии мо давраи душворро аз сар мегузаронад. Раванди мураккаби ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ идома дорад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари Тотористон, Ғарб дар сиёсати хориҷии мустақили Русия мувозинати воқеиро ба гегемонияи худ мебинад.
"Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз амалҳои Федератсияи Русия дар самти Украина ҳамчун баҳона барои даври нави русофобия истифода карданд, алайҳи мо таҳримот ҷорӣ карданд ва ҷанги гибридиро оғоз карданд", - таъкид намуд ӯ.
Минниханов қайд кард, ки дар ин шароити душвор Маскав сиёсати барпо намудани чаҳони бисёрқутбиро давом медиҳад.
Ҳамин тариқ, Русия талош дорад ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи мутақобилан судмандро бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ густариш диҳад.
"Омили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мо, умумияти арзишҳои ахлоқӣ мебошад", - афзуд раиси Тотористон.
Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи дидгоҳи стратегии "Русия-Ҷаҳони Ислом" соли 2006 таҳти раҳбарии Евгений Примаков ва Минтимер Шаймиев ба унвони як ниҳоди машваратӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо таъсис шуда буд.
Солҳои 2006-2009 ин гуруҳ 5 ҷаласаро дар шаҳрҳои Маскав, Қазон, Истанбул, Ҷидда ва Кувайт баргузор кард.
Соли 2014 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Минниханов дастур дод, ки Гурӯҳи дидгоҳи стратегиро роҳбарӣ кунаду фаъолияташро барқарор созад. Ҳоло гуруҳ беш аз 50 нафар аз 28 кишвари ҷаҳонро шомил аст, ки раҳбарони собиқи баландпоя, намояндагони илму ҷомеа, доираҳои тиҷоратӣ ва динӣ мебошанд.