https://sputnik.tj/20230904/irs-uhdadori-roh-ayni-kuhistoni-mastchoh-tamir-1059202120.html
Берун аз уҳдадории худ: Ширкати IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард
Берун аз уҳдадории худ: Ширкати IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати " IRS ", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, берун аз салоҳияти худ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳро таъмир намудааст
2023-09-04T11:59+0500
2023-09-04T11:59+0500
2023-09-04T11:59+0500
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
ширкати irs
дар тоҷикистон
роҳ
таъмир
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/04/1059201894_0:203:540:507_1920x0_80_0_0_29cc058c8b69c50ff426d8ddb32742a2.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намояндагии Ширкат “IRS” дар Тоҷикистон бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.Ба гуфтаи ин ширкат, ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, таъмири куллӣ асфалти осебдидаи роҳ анҷом дода шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.Манбаъ ёдовар шудааст, ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи "IRS" вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.Ширкати мазкур қайд кардааст, ки саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие, ки роҳи Душанбе - Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест.Ширкат зикр кардааст, ки ҳарчанд ба уҳдадориҳои "IRS" ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.“Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе - Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст”,- афзудааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20230903/rohi-avtomobilgard-dushanbe-bokhtar-istifoda-1059193544.html
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/04/1059201894_0:153:540:558_1920x0_80_0_0_72903e9e04e5338fc5a59eb122c0a988.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, irs, уҳдадори, роҳи самти айнӣ - кӯҳистони мастчоҳ, таъмир, нақлиёт
тоҷикистон, irs, уҳдадори, роҳи самти айнӣ - кӯҳистони мастчоҳ, таъмир, нақлиёт
Берун аз уҳдадории худ: Ширкати IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард
Ширкати " IRS ", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, берун аз салоҳияти худ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳро таъмир намудааст
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намояндагии Ширкат “IRS” дар Тоҷикистон бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.
Ба гуфтаи ин ширкат, ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, таъмири куллӣ асфалти осебдидаи роҳ анҷом дода шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи "IRS" вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.
Ширкати мазкур қайд кардааст, ки саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие, ки роҳи Душанбе - Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест.
Ширкат зикр кардааст, ки ҳарчанд ба уҳдадориҳои "IRS" ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
“Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе - Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст”,- афзудааст манбаъ.