https://sputnik.tj/20230904/dovtalabon-donishjuy-shudan-1059212361.html
Шонси дигар барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Шонси дигар барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо барои сабти довталабон ба даври 3-юми интиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ташкил карда шудааст
2023-09-04T15:59+0500
2023-09-04T15:59+0500
2023-09-04T15:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишҷӯён
довталаб
санҷиш
имтиҳон
донишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049217985_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_eec4ba93caa3a1338fa7141ef17da184.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард. Ба иттилои ин ниҳод, нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон дар давраи сеюм дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил гардидаанд. Дар феҳрасти шаҳрҳои дорои нуқтаи қабули довталабон – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт номбар карда шуданд. Таъкид шудааст, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13-уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст. Дар ин марҳила барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод мегардад. Маркази миллии тестӣ мегӯяд, агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Дар оғози соли ҷории хониш, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст. Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.Тибқи омори расмӣ, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда дар соли равон ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20230901/hamag-seyak-khatmkunanda-tojikiston-donishjuy-1059166870.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049217985_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_608291f81daf500d430f81b4e290e876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, сабт, довталаб, донишгоҳ, ташкил, маркази миллии тестӣ
эълон, сабт, довталаб, донишгоҳ, ташкил, маркази миллии тестӣ
Шонси дигар барои довталабоне, ки дар Тоҷикистон донишҷӯй шудан мехоҳанд
Дар 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нуқтаҳо барои сабти довталабон ба даври 3-юми интиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ оғоз кард.
Ба иттилои ин ниҳод, нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон дар давраи сеюм дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил гардидаанд.
Дар феҳрасти шаҳрҳои дорои нуқтаи қабули довталабон – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт номбар карда шуданд.
Таъкид шудааст, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13-уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст.
Дар ин марҳила барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод мегардад.
Маркази миллии тестӣ мегӯяд, агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад.
Дар оғози соли ҷории хониш, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст.
Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Тибқи омори расмӣ, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда дар соли равон ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.