https://sputnik.tj/20230901/hamag-seyak-khatmkunanda-tojikiston-donishjuy-1059166870.html
Ҳамагӣ сеяки хатмкунандаҳо дар Тоҷикистон донишҷӯй шудаанд
Ҳамагӣ сеяки хатмкунандаҳо дар Тоҷикистон донишҷӯй шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии Тоҷикистон дар солҳои охир иҷро нашудааст, ки мояи нигаронии роҳбарияти кишвар гардид
2023-09-01T14:29+0500
2023-09-01T14:29+0500
2023-09-01T14:29+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
таълим
нишондод
шогирд
қабул
довталаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091954_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_c5d2c40e8e2cccccdb48c2afd0724eb9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли равон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара гуфт, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.Раисҷумҳур нишондиҳандаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хуб гуфтааст, аммо дар умум ғайриқаноатбахш гуфтаст. "Масалан, дар ВМКБ аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидааст, ки ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест", - изҳор доштаст ӯ. Президент роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки якҷоя бо масъулини бахш натиҷаҳои имтиҳони қабулро дар ҳар як муассисаи таълимӣ таҳлил кунанд. Аз ҷумла дастур дод, ки фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф аз рӯйи сатҳи дониш ва натиҷаи дар имтиҳоноти қабул нишондодаи шогирдони онҳо арзёбӣ карда шавад.
https://sputnik.tj/20230901/barnoma-bunyod-kudakiston-tojikiston-ijro-1059164967.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091954_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_afd97a411a61b14342fc9a5d8d2e9854.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, қабул, иҷро, муассиса, таҳсилот, олӣ
нақша, қабул, иҷро, муассиса, таҳсилот, олӣ
Ҳамагӣ сеяки хатмкунандаҳо дар Тоҷикистон донишҷӯй шудаанд
Нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии Тоҷикистон дар солҳои охир иҷро нашудааст, ки мояи нигаронии роҳбарияти кишвар гардид
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли равон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара гуфт, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.
"Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст", - таъкид кард Раҳмон.
Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Раисҷумҳур нишондиҳандаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хуб гуфтааст, аммо дар умум ғайриқаноатбахш гуфтаст.
"Масалан, дар ВМКБ аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидааст, ки ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест", - изҳор доштаст ӯ.
Президент роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки якҷоя бо масъулини бахш натиҷаҳои имтиҳони қабулро дар ҳар як муассисаи таълимӣ таҳлил кунанд.
Аз ҷумла дастур дод, ки фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф аз рӯйи сатҳи дониш ва натиҷаи дар имтиҳоноти қабул нишондодаи шогирдони онҳо арзёбӣ карда шавад.