https://sputnik.tj/20230904/doroi-bonk-javon-tojikiston-barobar-ziyod-1059212184.html
Дороии бонки ҷавони Тоҷикистон қариб 3 баробар зиёд шуд
Дороии бонки ҷавони Тоҷикистон қариб 3 баробар зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки "Саноатсодиротбонк", ки бо ҳадафи дастгирии соҳибкорӣ, махсусан истеҳсолӣ ташкил шуда буд, тайи 3 сол қарим ним млрд сомонӣ қарз додаст
2023-09-04T17:32+0500
2023-09-04T17:32+0500
2023-09-04T17:32+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
саноат
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дороиҳои "Саноатсодиротбонк", ки бо қарори ҳукумат соли 2020 фаъол гардид, феълан ба 736 млн сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора бонки мазкур иттилоъ дода, афзуд, ки дар қиёс бо нишондоди давраи таъсис ҳаҷми дороиҳои ин муассиса қариби 3 баробар зиёд гардидааст. Манбаъ афзуд, ки дар давоми 3 соли фаъолият аз тарафи "Саноатсодиротбонк" 478 млн сомонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дода шуд. Таъкид шудааст, ки бо маблағу мусоидати бонки мазкури давлатӣ соҳибкорҳо наздики 4 ҳазор ҷойи корӣ ташкил намуданд. То ҳол "Саноатсодиротбонк" дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Данғара филиал кушода, дар бархе навоҳӣ марказҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ кардаст. Маврид ба зикр аст, ки "Саноатсодиротбонк" бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии рушди саноат ва истеҳсолот соли 2020-ум ба фаъолият шуруъ кард.Бо қарори ҳукумат, ки моҳи июни соли 2021, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” қариб ду баробар, то ба 380 млон сомонӣ расонда шуд."Саноатсодиротбонк", дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш ба хиёбони Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе, ба бинои собиқи "Агроинвестбонк" кӯчид.
https://sputnik.tj/20230811/sharhi-bmt-qarzho-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-1058785005.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дороӣ, афзоиш, дороӣ, бонк, саноатсодиротбонк
дороӣ, афзоиш, дороӣ, бонк, саноатсодиротбонк
Дороии бонки ҷавони Тоҷикистон қариб 3 баробар зиёд шуд
Бонки "Саноатсодиротбонк", ки бо ҳадафи дастгирии соҳибкорӣ, махсусан истеҳсолӣ ташкил шуда буд, тайи 3 сол қарим ним млрд сомонӣ қарз додаст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дороиҳои "Саноатсодиротбонк", ки бо қарори ҳукумат соли 2020 фаъол гардид, феълан ба 736 млн сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора бонки мазкур иттилоъ дода, афзуд, ки дар қиёс бо нишондоди давраи таъсис ҳаҷми дороиҳои ин муассиса қариби 3 баробар зиёд гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки дар давоми 3 соли фаъолият аз тарафи "Саноатсодиротбонк" 478 млн сомонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дода шуд.
Таъкид шудааст, ки бо маблағу мусоидати бонки мазкури давлатӣ соҳибкорҳо наздики 4 ҳазор ҷойи корӣ ташкил намуданд.
То ҳол "Саноатсодиротбонк" дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Данғара филиал кушода, дар бархе навоҳӣ марказҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки "Саноатсодиротбонк" бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии рушди саноат ва истеҳсолот соли 2020-ум ба фаъолият шуруъ кард.
Бо қарори ҳукумат, ки моҳи июни соли 2021, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” қариб ду баробар, то ба 380 млон сомонӣ расонда шуд.
"Саноатсодиротбонк", дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш ба хиёбони Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе, ба бинои собиқи "Агроинвестбонк" кӯчид.