https://sputnik.tj/20230811/sharhi-bmt-qarzho-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-1058785005.html
Шарҳи БМТ дар бораи баргардонидани қарзҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Шарҳи БМТ дар бораи баргардонидани қарзҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ гуфт "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" чӣ қадар пули қарздорияшон дар назди муштариёнро пардохт кардаанд
2023-08-11T20:59+0500
2023-08-11T20:59+0500
2023-08-11T20:59+0500
дар тоҷикистон
тоҷиксодиротбонк
агроинвестбонк
қарзҳо
бозгардонӣ
бонк
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/52/1013325256_0:229:4025:2493_1920x0_80_0_0_5b3d955bfd971aced9091892fcc03699.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбон” маълумот дод.Тавре муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.Ба иттилои мақомдори бонки миллӣ аз ин маблағ 500 млн ба шахсони воқеӣ рост меояд.Вай афзуд, ки дороиҳои бонк бошад, 970 миллион сомонӣ кам гардидааст.Фирдавс Толибзода афзуд, ки пасандозҳои шахсони воқеии ин бонк, дар маҷмуъ 158 млн сомонӣ коҳиш ёфтааст.Муовини якуми раиси Бонки миллӣ дар ин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки мудири махсус барои баргардонии қарзҳо корбарӣ дорад.Фирдавс Толибзода дар бораи бақияи қарзҳои “Тоҷиксодиротбонк” низ маълумот доду гуфт, дар умум бақияи қарзҳои ин бонк 1,2 млрд сомонӣ поин рафтааст.“Аз ин 255 млн сомонияш ба шахсони воқеӣ рост меояд. Бонк дар раванди барҳамдиҳӣ қарор дошта, дороиҳояш ба 1,4 млрд сомонӣ кам шудаанд”, - илова кард муовини якуми Бонки миллӣ.Вай илова кард, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бошад дар ин бонк дар маҷмуъ 945 млн сомонӣ кам шудааст.Оқои Толибзода қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баргардонии қарзҳои бонк, аз ҷумла ба шахсони воқеӣ тибқи тартиби муаяншуда идома дорад.Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки бузург - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" моҳи майи соли гузашта бозхонд карда буд. Гарчанде давлат барои ин ду бонк маблағ ҷудо намуда буд, аммо вазъи молияшон беҳбуд наёфта буд.Аз ҷумла ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии ин ду бонки мушкилдор, ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ - ба андозаи 2,25 млрд сомонӣ барои "Тоҷиксодиротбонк" ва беш аз 1 млрд сомонӣ барои "Агроинвестбонк" равона карда буд.Дар пайи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонк ҳукумат қарор карда буд, ки пули давлат тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода шавад.Таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶСК "Агроинвестбонк" тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220801/savdo-amvol-tojiksodirotbonk-agroinvestbonk-1050407251.html
https://sputnik.tj/20210722/hokimzoda-tojiksodirotbonk-agroinvestbonk-amonatguzor-1041100090.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/52/1013325256_198:0:3825:2720_1920x0_80_0_0_d3f6f0b9d8ee103eb34813d018852d1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, “агроинвестбонк” ва “тоҷиксодиротбонк”, бонки миллӣ, шарҳ, пардохт, қарз, муштариён
тоҷикистон, “агроинвестбонк” ва “тоҷиксодиротбонк”, бонки миллӣ, шарҳ, пардохт, қарз, муштариён
Шарҳи БМТ дар бораи баргардонидани қарзҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Бонки миллӣ гуфт "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" чӣ қадар пули қарздорияшон дар назди муштариёнро пардохт кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбон” маълумот дод.
Тавре муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, бақияи уҳдадориҳои умумии “Агроинвестбонк” 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои мақомдори бонки миллӣ аз ин маблағ 500 млн ба шахсони воқеӣ рост меояд.
Вай афзуд, ки дороиҳои бонк бошад, 970 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Фирдавс Толибзода афзуд, ки пасандозҳои шахсони воқеии ин бонк, дар маҷмуъ 158 млн сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Муовини якуми раиси Бонки миллӣ дар ин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки мудири махсус барои баргардонии қарзҳо корбарӣ дорад.
“Умедворем, ки дар муҳлати пешбинишуда ҳалли худро хоҳад ёфт”, - зикр кард ӯ.
Фирдавс Толибзода дар бораи бақияи қарзҳои “Тоҷиксодиротбонк” низ маълумот доду гуфт, дар умум бақияи қарзҳои ин бонк 1,2 млрд сомонӣ поин рафтааст.
“Аз ин 255 млн сомонияш ба шахсони воқеӣ рост меояд. Бонк дар раванди барҳамдиҳӣ қарор дошта, дороиҳояш ба 1,4 млрд сомонӣ кам шудаанд”, - илова кард муовини якуми Бонки миллӣ.
Вай илова кард, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бошад дар ин бонк дар маҷмуъ 945 млн сомонӣ кам шудааст.
Оқои Толибзода қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои баргардонии қарзҳои бонк, аз ҷумла ба шахсони воқеӣ тибқи тартиби муаяншуда идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ду бонки бузург - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" моҳи майи соли гузашта бозхонд карда буд. Гарчанде давлат барои ин ду бонк маблағ ҷудо намуда буд, аммо вазъи молияшон беҳбуд наёфта буд.
Аз ҷумла ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии ин ду бонки мушкилдор, ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ - ба андозаи 2,25 млрд сомонӣ барои "Тоҷиксодиротбонк" ва беш аз 1 млрд сомонӣ барои "Агроинвестбонк" равона карда буд.
Дар пайи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонк ҳукумат қарор карда буд, ки пули давлат тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода шавад.
Таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶСК "Агроинвестбонк" тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуда буданд.