https://sputnik.tj/20230904/avvalin-musobiqa-intikhob-bozi-olimpi-tojikiston-1059200133.html
Аввалин мусобиқаи интихобӣ ба бозиҳои олимпӣ: аз Тоҷикистон кӣ меравад?
Аввалин мусобиқаи интихобӣ ба бозиҳои олимпӣ: аз Тоҷикистон кӣ меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни паҳлавонони кишварҳои ҷаҳон, ки дар панҷ вазн дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия зӯрозмоӣ мекунанд, панҷгонаи аввал ба Бозиҳои олимпии Париж роҳхат мегиранд
2023-09-04T09:39+0500
2023-09-04T09:39+0500
2023-09-04T09:39+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
паҳлавон
сербия
гӯштингирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038376408_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_d7e5bb6d499b3dbf79f355513f0380d9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 16 то 24 сентябр дар Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба куштӣ баргузор мешавад, ки аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, панҷ нафари беҳтарин дар ҳар вазн, ки дар маҷмуъ 24 вазн мебошанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим 6 нафар, аз ҷумла дар бахши куштии озод дар вазни то 65кг Абдулмаҷид Кудиев, то 70 кило Мустафо Ахмедов, дар вазни то 74 кг - Магомед Евлоев, то 79 кг - Шуҳрат Бозоров намояндагӣ мекунанд. Дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ ду паҳлавони дигари тоҷик, аз ҷумла дар вазни то 60 кг - Асламҷон Азизов, дар вазни то 67 кг Фирӯз Мирзораҷабов зӯрозмоӣ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи дигари муҳим - Бозиҳои Осиёӣ аз 19 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мегарданд.Қайд карда шудааст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд дар намуди варзишии ҷудо 11 варзишгар намояндагӣ менамоянд.Аз ҷумла бонувони варзишгари тоҷик - Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг), Мавлуда Одинаева (то 57 кг) ба ин мусобиқа мераванд. Миёни мардон Тоиҷкистонро Меҳрзод Суфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг) ва дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов муаррифӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20230902/behtarin-futbol-tojikiston-malum-1059189554.html
сербия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038376408_161:0:2892:2048_1920x0_80_0_0_a805829a246588cbd093e0233215ea81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, паҳлавон, олимпӣ, роҳхат, париж
талош, паҳлавон, олимпӣ, роҳхат, париж
Аввалин мусобиқаи интихобӣ ба бозиҳои олимпӣ: аз Тоҷикистон кӣ меравад?
Аз миёни паҳлавонони кишварҳои ҷаҳон, ки дар панҷ вазн дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия зӯрозмоӣ мекунанд, панҷгонаи аввал ба Бозиҳои олимпии Париж роҳхат мегиранд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 16 то 24 сентябр дар Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба куштӣ баргузор мешавад, ки аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, панҷ нафари беҳтарин дар ҳар вазн, ки дар маҷмуъ 24 вазн мебошанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим 6 нафар, аз ҷумла дар бахши куштии озод дар вазни то 65кг Абдулмаҷид Кудиев, то 70 кило Мустафо Ахмедов, дар вазни то 74 кг - Магомед Евлоев, то 79 кг - Шуҳрат Бозоров намояндагӣ мекунанд.
Дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ ду паҳлавони дигари тоҷик, аз ҷумла дар вазни то 60 кг - Асламҷон Азизов, дар вазни то 67 кг Фирӯз Мирзораҷабов зӯрозмоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи дигари муҳим - Бозиҳои Осиёӣ аз 19 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мегарданд.
Қайд карда шудааст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд дар намуди варзишии ҷудо 11 варзишгар намояндагӣ менамоянд.
Аз ҷумла бонувони варзишгари тоҷик - Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг), Мавлуда Одинаева (то 57 кг) ба ин мусобиқа мераванд.
Миёни мардон Тоиҷкистонро Меҳрзод Суфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг) ва дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов муаррифӣ хоҳанд кард.