https://sputnik.tj/20230903/mumfarshkuni-rohi-vogat-kurushkada-istaravshan-1059193237.html
Оғози мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи шаҳри Истаравшан
Оғози мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи шаҳри Истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
Бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон роҳи Вогат-Курушкадаи дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пурра мумфарш мешавад
2023-09-03T10:26+0500
2023-09-03T10:26+0500
2023-09-03T10:26+0500
дар тоҷикистон
суғд
истаравшан
роҳ
мумфаршкунии роҳ
раҷаббой аҳмадзода
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/03/1059193073_0:68:1280:788_1920x0_80_0_0_005c6ae2130c26dcd9243c08930c4334.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии роҳ иштирок кард.Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба масофаи 2,2 км пурра мумфарш гардида, корҳои роҳсозиро ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" ба уҳда дорад.Тавассути ин роҳ беш аз 11 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Вогату Курушкада равуо мекунанд.Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дорад.Вай таъкид кард, ки нақши соҳибкорону сокинон дар ободии кишвар назаррас аст.Раиси вилоят изҳори боварӣ кард ки сокинони шарафманди вилоят бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд.
https://sputnik.tj/20230831/bunyod-inshoot-gunogun-sugd-1059154532.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/03/1059193073_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_d16f7a8dce2336a06f8ad1cc79809eaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, оҳи вогат-курушкадаи, истаравшан, маблағгузорӣ, роҳ, нақлиёт
тоҷикистон, суғд, оҳи вогат-курушкадаи, истаравшан, маблағгузорӣ, роҳ, нақлиёт
Оғози мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи шаҳри Истаравшан
Бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон роҳи Вогат-Курушкадаи дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пурра мумфарш мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳи Вогат-Курушкадаи оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози мумфаршкунии роҳ иштирок кард.
Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳр ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба масофаи 2,2 км пурра мумфарш гардида, корҳои роҳсозиро ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" ба уҳда дорад.
Тавассути ин роҳ беш аз 11 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Вогату Курушкада равуо мекунанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ идома дорад.
Вай таъкид кард, ки нақши соҳибкорону сокинон дар ободии кишвар назаррас аст.
Раиси вилоят изҳори боварӣ кард ки сокинони шарафманди вилоят бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷашнҳои милливу давлатиро истиқбол гирифта, дар иҷрои бунёдкориҳо минбаъд низ софдилона меҳнат мекунанд.