Бунёди 12 ҳазор иншооти гуногун дар давоми се соли оянда дар Суғд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки то 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар машварати корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд.
Ба гуфтаи вай, бунёду баистифодадиҳии беш аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Оқои Аҳмадзода қайд кард, ки дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта хоҳад шуд.
роҳбари Шӯрои директорони компанияи Тринити Прокюремент ДММС Александр Максимов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Ҳавасмандии соҳибкорони рус барои харидории маҳсулоти кишоварзии Суғд
Дар ҳами ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастур дод, ки ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷӯҳ карда, рушди соҳаи саноатро таъмин намоянд.
“Бо назардошти имкониятҳо агар корбарӣ дуруст ба монда шавад, метавон ба натиҷаҳои хуб даст ёфт”, - гуфт раиси вилоят.
Аҳмадзода дар машварат таъкид кард, ки дар вилоят рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, бо истифода аз имкониятҳо барои афзун намудани дастовардҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар кори машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва як қатор корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0