https://sputnik.tj/20230903/hayat-konfederatsiya-ittihodiya-korgarii-eron-tojikiston-1059195609.html
Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон ба Тоҷикистон омаданд
Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон ба Тоҷикистон омаданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба тоҷики худ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
2023-09-03T15:18+0500
2023-09-03T15:18+0500
2023-09-03T15:18+0500
дар тоҷикистон
панҷакент
ҳамкорӣ
равобит
эрон
ҳайат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/03/1059195303_0:57:1080:665_1920x0_80_0_0_f4eec926337e20e8539a9777cba2099c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эронро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.Дар ин бора мақомоти шаҳри Панҷакент дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти шаҳр, федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Ҷумҳурии исломии Эронро пешвоз гирифтанд.Меҳмонони олиқаддро дар гузаргоҳи марзӣ бо шеъру суруд ва нону намак пазироӣ намуданд.Тавре манбаъ қайд кардааст ҳайати эрониро ноиби раиси федератсияи ҷаҳонии иттиҳодияҳои коргарӣ ва раиси конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон Алиризо Маҳҷуб раҳбарӣ мекунад.Қайд карда шудааст, ки ҳайати эронӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Зик гардидааст, ки ҳайати меҳмонон баъди боздид аз шаҳраки бостонии Саразм ва оромгоҳи сардафтари адабиёти тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ба ҷониби пойтахти мамлакат раҳсипор шуданд.
https://sputnik.tj/20230902/safiri-jadidi-eron-vaziri-khorijai-tojikiston-etimodnoma-1059182475.html
панҷакент
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/03/1059195303_61:0:1021:720_1920x0_80_0_0_4337ba515de15b8a8e8dd2213494fd4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳайат конфедератсия, эрон, ҳамкорӣ, сиёсат, равобит, панҷакент
тоҷикистон, ҳайат конфедератсия, эрон, ҳамкорӣ, сиёсат, равобит, панҷакент
Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон ба Тоҷикистон омаданд
Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба тоҷики худ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эронро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора мақомоти шаҳри Панҷакент дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.
Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразми шаҳри Панҷакент намояндагони мақомоти шаҳр, федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳайати конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Ҷумҳурии исломии Эронро пешвоз гирифтанд.
Меҳмонони олиқаддро дар гузаргоҳи марзӣ бо шеъру суруд ва нону намак пазироӣ намуданд.
Тавре манбаъ қайд кардааст ҳайати эрониро ноиби раиси федератсияи ҷаҳонии иттиҳодияҳои коргарӣ ва раиси конфедератсияи иттиҳодияҳои коргарии Эрон Алиризо Маҳҷуб раҳбарӣ мекунад.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати эронӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Зик гардидааст, ки ҳайати меҳмонон баъди боздид аз шаҳраки бостонии Саразм ва оромгоҳи сардафтари адабиёти тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ба ҷониби пойтахти мамлакат раҳсипор шуданд.