Истиқболи сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе

© Sputnik Истиқболи сафири ҷадиди Эрон Алиризо Ҳақиқиён дар фурудгоҳи Душанбе
Истиқболи сафири ҷадиди Эрон Алиризо Ҳақиқиён дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони сафорат сафири ҷадиди Эронро дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, кормандони сифорат ва соири ниҳодҳои Эронии муқими Тоҷикистон аз сафири ҷадид истиқболи гарм карданд.
Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон анҷом шуд, иброз умедворӣ шуд, ки бо ҳузури сафири ҷадиди Эрони масири равобит пуёу ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳам фарҳангро дар заминаҳои мухталиф бо ҷиддият ва ангеза дунбол хоҳад шуд.
Паёми худоҳофизии сафири Эрон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Аз "мани" мо "мантаранд”: Худоҳофизии сафири Эрон бо мардуми Тоҷикистон - видео
Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ пеш аз Ҳақиқиён ҳудуди панҷ сол сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0