https://sputnik.tj/20230902/lavrov-hamto-qazoq-hamkori-iiao-1059192078.html
Лавров бо ҳамтои қазоқаш аз ҳамкориҳо дар доираи ИИАО гуфт
Лавров бо ҳамтои қазоқаш аз ҳамкориҳо дар доираи ИИАО гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои қазоқистонияш форумҳоеро баррасӣ кардааст, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегарданд
2023-09-02T20:00+0500
2023-09-02T20:00+0500
2023-09-02T20:00+0500
дар русия
иттиҳоди иқтисодии уросиё
сергей лавров
суҳбат
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058001550_0:26:3080:1759_1920x0_80_0_0_1d9d2d2d33520327a3e6ec841d54c578.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавзӯи меҳварии роҳбарони мақомоти хориҷии ду кишвар будааст. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, вазир, Сергей Лавров бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод. "Роҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ равобити дуҷониба ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИИАО, аз ҷумла дар форумҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, дар доираи Итиҳоди иқтисодии АвруОсиё форумҳои мухталиф баргузор мешаванд, ки ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмон нигаронида шудаанд. Ахиран сарвазири Русия, Михаил Мишустин изҳор дошт, ки ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд.Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия.
https://sputnik.tj/20230831/korshinos-amushkiloti-iiao-siyosat-hal-1059156055.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058001550_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_d415337ef8dae8ea77e596ac4b9b8c3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ, вазир, кор, хориҷӣ, ҳамто
суҳбат, телефонӣ, вазир, кор, хориҷӣ, ҳамто
Лавров бо ҳамтои қазоқаш аз ҳамкориҳо дар доираи ИИАО гуфт
Вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои қазоқистонияш форумҳоеро баррасӣ кардааст, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавзӯи меҳварии роҳбарони мақомоти хориҷии ду кишвар будааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, вазир, Сергей Лавров бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод.
"Роҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ равобити дуҷониба ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИИАО, аз ҷумла дар форумҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, дар доираи Итиҳоди иқтисодии АвруОсиё форумҳои мухталиф баргузор мешаванд, ки ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмон нигаронида шудаанд.
Ахиран сарвазири Русия, Михаил Мишустин изҳор дошт, ки ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки кор дар созмон барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва фаъолияти соҳибкорӣ равона мегардад.
Яке аз вазифаҳои муҳим ташкили фазои ягонаи таъминоти кафолатноки молу захираҳои асосӣ мебошад. Сухан пеш аз хама дар бораи амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ меравад, тавзеҳ дод сарвазири Русия.