https://sputnik.tj/20230831/korshinos-amushkiloti-iiao-siyosat-hal-1059156055.html
Коршинос: Аксари мушкилоти ИИАО-ро наметавон бидуни сиёсат ҳал кард
Коршинос: Аксари мушкилоти ИИАО-ро наметавон бидуни сиёсат ҳал кард
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси бахши молиявӣ, изҳороти нахуствазири Беларус дар бораи таҳияи чораҳои ягона бар фишори таҳримҳои Ғарбро шарҳ дод
2023-08-31T17:32+0500
2023-08-31T17:32+0500
2023-08-31T18:52+0500
ииао
сиёсат
русия
белорус
таҳримҳо
фишор
мушкилот
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар сӯҳбат бо радиои Sputnik Беларус номзади илмҳои иқтисодӣ Александр Козлов қайд кард, ки бидуни роҳи ягонаи сиёсӣ ҳамкории минбаъда дар доираи ИИАО торафт мушкилтар мешавад. "Ошкор аст, мушкилоти берунаи зиёде вуҷуд дорад, ки онҳоро бе иродаи сиёсӣ ва роҳи воқеан ҳамоҳангшудаи иқтисодӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Вакти он расидааст, ки вазифаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ИИАО ва бидуни дастгирии сиёсӣ, бидуни роҳи равшан дарк карда шаванд”, - гуфт коршинос. Вай таъкид кард, ки барои кишварҳои ИИАО бомуваффакият муоносибат кардан торафт душвортар мешавад. Ба ғайр аз иродаи сиёсӣ, "бисёр қарорҳо, одатан ба имкониятҳо вобастаанд. Барои ҳар як иқдом захоири моддӣ, молиявӣ ва инсонӣ лозим аст. Ба гуфтаи вай, бояд тамоми захираҳое, ки кишварҳо дорад, аз нав дида баромада шаванд ва аз рӯи ошкоро бигӯянд, ки самти ҳаракати мо куҷост. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш нахуствазири Белорус Роман Головченко аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват кард, ки барои мубориза бо таҳримҳои ғарб кишварҳои ИИАО бояд вокунишҳои муштарак таҳия кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ дар мавриди таҳияи механизми андешидани чораҳои ба фишори иқтисодӣ ба кишварҳои ИИАО аз ҷониби кишварҳои сеюм то ҳол қарорҳои муҳим қабул накардаанд. “Ин танҳо хоҳиши Минск нест - чунин тасмим ҳанӯз соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шуда буд ва пас аз он дастурҳо аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО таҳия шуда буданд”, - гуфт мақомдори белорусӣ.
https://sputnik.tj/20230830/sabuki-baroi-rushdi-qolinbofi-dar-iiao-1059132753.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, белорус, коршинос, таҳримҳо, ғарб, фишор, сиёсат
ииао, русия, белорус, коршинос, таҳримҳо, ғарб, фишор, сиёсат
Коршинос: Аксари мушкилоти ИИАО-ро наметавон бидуни сиёсат ҳал кард
17:32 31.08.2023 (Навсозишуда: 18:52 31.08.2023) Коршиноси бахши молиявӣ, изҳороти нахуствазири Беларус дар бораи таҳияи чораҳои ягона бар фишори таҳримҳои Ғарбро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар сӯҳбат бо радиои Sputnik Беларус номзади илмҳои иқтисодӣ Александр Козлов қайд кард, ки бидуни роҳи ягонаи сиёсӣ ҳамкории минбаъда дар доираи ИИАО торафт мушкилтар мешавад.
"Ошкор аст, мушкилоти берунаи зиёде вуҷуд дорад, ки онҳоро бе иродаи сиёсӣ ва роҳи воқеан ҳамоҳангшудаи иқтисодӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Вакти он расидааст, ки вазифаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ИИАО ва бидуни дастгирии сиёсӣ, бидуни роҳи равшан дарк карда шаванд”, - гуфт коршинос.
Вай таъкид кард, ки барои кишварҳои ИИАО бомуваффакият муоносибат кардан торафт душвортар мешавад. Ба ғайр аз иродаи сиёсӣ, "бисёр қарорҳо, одатан ба имкониятҳо вобастаанд. Барои ҳар як иқдом захоири моддӣ, молиявӣ ва инсонӣ лозим аст.
Ба гуфтаи вай, бояд тамоми захираҳое, ки кишварҳо дорад, аз нав дида баромада шаванд ва аз рӯи ошкоро бигӯянд, ки самти ҳаракати мо куҷост.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш нахуствазири Белорус Роман Головченко аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват кард, ки барои мубориза бо таҳримҳои ғарб кишварҳои ИИАО бояд вокунишҳои муштарак таҳия кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ дар мавриди таҳияи механизми андешидани чораҳои ба фишори иқтисодӣ ба кишварҳои ИИАО аз ҷониби кишварҳои сеюм то ҳол қарорҳои муҳим қабул накардаанд.
“Ин танҳо хоҳиши Минск нест - чунин тасмим ҳанӯз соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шуда буд ва пас аз он дастурҳо аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО таҳия шуда буданд”, - гуфт мақомдори белорусӣ.