Чӣ гуна заршӯёни тоҷик ризқашонро аз дарё мегиранд - видео

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дарёҳое, ки тило меоранд, зиёданд ва ахиран дар як қатор минтақаҳо ба сокинони ҷумҳурӣ барои истихроҷи филизи қиматбаҳо иҷозат дода шуд.
Заршӯӣ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон манбаи даромади сокинон шудааст. Дар соли 2019 мақомот иҷозат доданд, ки шаҳрвандон мустақилона маъданҳо ва тиллоро бо иҷрои бархе расмиёт мустақилона истихроҷ кунанд.
Барои бисёре аз сокинони кишвар ин хабари хуш ва имкони деринтизор барои даромади иловагӣ буд. Ба хусус дар минтақаҳои куҳсор, ки ҷои корӣ зиёд нест.
Яке аз ин минтақаҳо Масчои куҳӣ мебошад, ки рӯдхонаи Зарафшон дар он ҷо ҷорӣ мешавад, ки зараш манбаи нони сокинони соҳилҳои он мебошад.
Заршӯён дар ин ҷо ба гуруҳҳои хурд муттаҳид шуда, дар аввали ҳар мавсим ба ҷустуҷӯи металҳои қиматбаҳо мебароянд. Кор осон нест, садҳо кило хокро мешӯянд, то зарае аз тило ба даст оранд.
Садҳо нафари дигар дар Тоҷикистон иҷозати заршӯӣ гирифтаанд
Гарчанде истихроҷи тилло метавонад пули хуб оварад, пурмашаққат мебошад ва заршӯёнро зарур аст, ки тоби гармию сардиро дошта бошанд.
Заршӯӣ дар Тоҷикистон тибқи иҷозатномаи махсус дар минтақаҳои муайяншудаи мақомот амалӣ мешавад.
Инчунин истифодаи муҳаррикҳои хурд низ иҷозат дода шудааст. Аммо шарти асосӣ барои заршӯён дар он аст, ки набояд маҳсулотро дар бозори ғайриқонунӣ фурӯшанд ва ба нуқтаҳои махсуси қабули филизот бифурӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0