https://sputnik.tj/20230902/bozor-nazdisarhadi-tojikistonu-afghoniston-1059187795.html
Эҳёи фаъолияти бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва мулоқоти мақомдорон
Эҳёи фаъолияти бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва мулоқоти мақомдорон
Sputnik Тоҷикистон
Бозорҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Афғонистон, ки солҳои охир ба далоили амниятӣ баста буданд, дубора фаъол шуданд
2023-09-02T15:10+0500
2023-09-02T15:10+0500
2023-09-02T15:10+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
иқтисод
марз
афғонистон
бозор
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/02/1059187240_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_9f72eeea90ccd6ee8fa50a7be1bbeb4d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора ҳукумати ВМКБ итилоъ дода, афзуд, ки ин бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бозорҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон корашонро аз сар гирифтанд. Дар рӯзи аввали оғози кори бозорҳо, муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода масъулин меҳмонони давлати ҳамсояро ба ҳузур пазируфта, бо шароити фароҳамгардида дар бозор шинос шудаанд. "Намояндагон ва тоҷирони кишвари ҳамсоя аз ин иқдоми нек изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд кӯшиш менамоем, ки ҳамкориҳо байни ду давлати ба ҳам наздик беҳтару хубтар ба роҳ монда шаванд", - омадааст дар иттилоия. Сафарзода дар суҳбат бо намояндагони давлати ҳамсоя изҳор дошт, ки бо баъзе сабабҳо солҳои охир бозорҳои наздисарҳадӣ маҳкам гардиданд ва фаъолшавии дубораи он барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.Раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем дидан карда, барои фароҳам кардани шароити мусоид ба тоҷирони ҳарду соҳил ба масъулин тавсия додаст. Интизор меравад, ки дубора ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздисарҳадӣ ба тавсеаи мубодилаи молу коло байни ду кишвар ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
https://sputnik.tj/20230828/uzbekiston-tranziti-amvol-tariqi-afghoniston-1059094918.html
афғонистон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/02/1059187240_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_0604f3b8d3ef4526a2f4824d4062de59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозор, марзӣ, фаъол, вмкб
бозор, марзӣ, фаъол, вмкб
Эҳёи фаъолияти бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва мулоқоти мақомдорон
Бозорҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Афғонистон, ки солҳои охир ба далоили амниятӣ баста буданд, дубора фаъол шуданд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ итилоъ дода, афзуд, ки ин бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бозорҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон корашонро аз сар гирифтанд.
Дар рӯзи аввали оғози кори бозорҳо, муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода масъулин меҳмонони давлати ҳамсояро ба ҳузур пазируфта, бо шароити фароҳамгардида дар бозор шинос шудаанд.
"Намояндагон ва тоҷирони кишвари ҳамсоя аз ин иқдоми нек изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд кӯшиш менамоем, ки ҳамкориҳо байни ду давлати ба ҳам наздик беҳтару хубтар ба роҳ монда шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Сафарзода дар суҳбат бо намояндагони давлати ҳамсоя изҳор дошт, ки бо баъзе сабабҳо солҳои охир бозорҳои наздисарҳадӣ маҳкам гардиданд ва фаъолшавии дубораи он барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем дидан карда, барои фароҳам кардани шароити мусоид ба тоҷирони ҳарду соҳил ба масъулин тавсия додаст.
Интизор меравад, ки дубора ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздисарҳадӣ ба тавсеаи мубодилаи молу коло байни ду кишвар ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.