Ӯзбекистон қасд дорад транзити амволро аз тариқи Афғонистон фаъолтар кунад

© Вазорати нақлиёти ӮзбекистонМинистр транспорта Республики Узбекистан посетил Афганистан
Министр транспорта Республики Узбекистан посетил Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон ахиран эълом кард, ки мақомот қасд дорад, транзити коло дар масири ҷода аз тариқи Афғонистонро ташдид кунад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ҳамроҳ бо намояндаи вижаи раисҷумҳури ин кишвар дар умури Афғонистон ба ин кишвар сафар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, Илҳом Маҳкамов ва Ҳамидуллоҳ Охунзода руасои идороти ҳамлу нақли Ӯзбекистон ва Афғонистон дар масири автомобилронии Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистони сафареро анҷом доданд.
Вазирон ҳамчунин вазъияти гузаргоҳи Салнг Афғонистон ва бандари Турхам дар марзи Афғонистону Покистонро баррасӣ карданд.
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Толибон ба Ӯзбекистон: содироти барқро ба Афғонистон афзоиш диҳед
Дар сайти вазорати нақлиёт гуфта шудааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои дуҷониба, масоили ташкили даҳлези нақлиётии байналмилалӣ барои дастрасӣ аз тариқи Афғонистон ва Покистон ба банодири баҳри Ҳинд мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуоти ин ниҳод таъкид кардааст, ки тарафайн ҳамчунин тавсеаи ҳамкории байни ширкатҳои нақлиётии логистикии ду кишвар, эҷоди шароити мусоид барои ширкатҳои ҳамлу нақли ҷодае байналмилалӣ аз ҷумлаи рафъи маҳдудиятҳои тронзитӣ аз тариқи хоки Афғонистонро мавриди тавваҷӯҳ қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0