https://sputnik.tj/20230902/ayodat-omuzgor-sobiqador-danghara-shogirdonash-1059186284.html
Дидорбинии устод дар Данғара, ки шогирдонаш ба мақомҳои баланд расидаанд
Дидорбинии устод дар Данғара, ки шогирдонаш ба мақомҳои баланд расидаанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба дидборбинии омӯзгораш рафтааст, ки замоне аз ӯ дарс омӯхтааст
2023-09-02T13:14+0500
2023-09-02T13:14+0500
2023-09-02T13:36+0500
маориф
дар тоҷикистон
омӯзгор
собиқадорон
данғара
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/03/1030380318_0:188:1000:751_1920x0_80_0_0_6b7ced82939e640e9db4f54c5a0811bb.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии рақами 4-и ноҳияи Данғара, Зубайдулло Убайдуллоев барои хидматҳояш қадрдонӣ шуд. Ба иттилои нашрияи ҳукумати Хатлон, шогирдони Убайдуллоев дар вазифаҳо ва касбу кори мухталиф фаъолият доранд. Манбаъ афзуд, ки яке аз шогирдони ин омӯзгори собиқадор, раис феълии вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба оғози соли нави хониш Давлаталӣ Саид ба дидорбинии омӯзгори давраи мактабиаш рафту сари як пиёла чой суҳбат анҷом дод. Ба иттилои нашрияи "Хатлон", шогирдони Убайдуллоев имрӯзҳо дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурмаҳсул доранд.Таъкид шудааст, ки барои заҳматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, мусоидат дар омода гардидани кадрҳои лаёқатманд, пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ Убайдуллоев қадрдонӣ гардид. Раиси вилоят устоди собиқадорро бо нишони сарисинагии "Омӯзгори ифтихории Хатлон" қадрдонӣ намудаст. Аз ҷумлаи хизматҳои дигари Убайдуллоев ин саҳмаш дар тайёр кардани омӯзгорони ҷавон арзёбӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230901/omuzgoron-firistodashuda-maktab-hozir-1059165636.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/03/1030380318_0:1:1000:751_1920x0_80_0_0_f60e46fa0f4854f2d67400c34bfb68d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара, раис, хатлон, дидорбинӣ
данғара, раис, хатлон, дидорбинӣ
Дидорбинии устод дар Данғара, ки шогирдонаш ба мақомҳои баланд расидаанд
13:14 02.09.2023 (Навсозишуда: 13:36 02.09.2023) Раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба дидборбинии омӯзгораш рафтааст, ки замоне аз ӯ дарс омӯхтааст
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии рақами 4-и ноҳияи Данғара, Зубайдулло Убайдуллоев барои хидматҳояш қадрдонӣ шуд.
Ба иттилои нашрияи ҳукумати Хатлон, шогирдони Убайдуллоев дар вазифаҳо ва касбу кори мухталиф фаъолият доранд. Манбаъ афзуд, ки яке аз шогирдони ин омӯзгори собиқадор, раис феълии вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба оғози соли нави хониш Давлаталӣ Саид ба дидорбинии омӯзгори давраи мактабиаш рафту сари як пиёла чой суҳбат анҷом дод.
Ба иттилои нашрияи "Хатлон", шогирдони Убайдуллоев имрӯзҳо дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Таъкид шудааст, ки барои заҳматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, мусоидат дар омода гардидани кадрҳои лаёқатманд, пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ Убайдуллоев қадрдонӣ гардид.
Раиси вилоят устоди собиқадорро бо нишони сарисинагии "Омӯзгори ифтихории Хатлон" қадрдонӣ намудаст.
Аз ҷумлаи хизматҳои дигари Убайдуллоев ин саҳмаш дар тайёр кардани омӯзгорони ҷавон арзёбӣ шудааст.