https://sputnik.tj/20230901/omuzgoron-firistodashuda-maktab-hozir-1059165636.html
Аксари омӯзгорони фиристодашуда ба мактабҳо ҳозир нашудаанд
Аксари омӯзгорони фиристодашуда ба мактабҳо ҳозир нашудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бисёри онҳое, ки соли равон барои кор дар макотиб фиристода шудаанд, ба ҷои кор ҳозир нашудаанд
2023-09-01T18:34+0500
2023-09-01T18:34+0500
2023-09-01T18:34+0500
маориф
дар тоҷикистон
хонанда
таҳсил
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042802346_33:0:995:541_1920x0_80_0_0_c0fd3ece0b9f6495dc2d9da5346c6316.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Соли ҷорӣ равияи омӯзгориро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар беш аз 3,4 ҳазор нафар хатм карда, барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара баён дошта, афзуд, ки бештари онҳо ба ҷои кор наомадаанд. Вай таъкид намуд, ки аз миёни хатмкунандаҳои фиристодашуда ба муассисаҳои таълимӣ, то оғози соли нави хониш ҳамагӣ 49%-и онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир гардидаанд. "Фикр мекунам, ки яке аз мушкилоти асосиву ҳалталаби соҳаи маорифи мамлакат – норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақтҳои наздик пурра бартараф мегардад", - гуфт раисҷумҳур. Ӯ дастур дод, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот"-ро омода карда шавад. Вай зарур хонд, ки дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон, назорати қатъии таъмин намудани давоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
https://sputnik.tj/20230901/hamag-seyak-khatmkunanda-tojikiston-donishjuy-1059166870.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042802346_153:0:874:541_1920x0_80_0_0_dceb477efa2869ed8836dc3172c788b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нисф, зиёд, кор, омӯзгор, сарфи назар
нисф, зиёд, кор, омӯзгор, сарфи назар
Аксари омӯзгорони фиристодашуда ба мактабҳо ҳозир нашудаанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бисёри онҳое, ки соли равон барои кор дар макотиб фиристода шудаанд, ба ҷои кор ҳозир нашудаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Соли ҷорӣ равияи омӯзгориро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар беш аз 3,4 ҳазор нафар хатм карда, барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара баён дошта, афзуд, ки бештари онҳо ба ҷои кор наомадаанд.
Вай таъкид намуд, ки аз миёни хатмкунандаҳои фиристодашуда ба муассисаҳои таълимӣ, то оғози соли нави хониш ҳамагӣ 49%-и онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир гардидаанд.
"Фикр мекунам, ки яке аз мушкилоти асосиву ҳалталаби соҳаи маорифи мамлакат – норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақтҳои наздик пурра бартараф мегардад", - гуфт раисҷумҳур.
Ӯ дастур дод, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот"-ро омода карда шавад.
Вай зарур хонд, ки дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон, назорати қатъии таъмин намудани давоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.