https://sputnik.tj/20230901/sentyabr-khatlon-kudak-sinfi-yak-1059161299.html
1 сентябр дар Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як меравад
1 сентябр дар Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон тамоми муассисаҳои соҳаи маориф ба ба соли нави хониш ва қабули кӯдаконе, ки ба синфи як мераванд омодагӣ дидаанд
2023-09-01T09:02+0500
2023-09-01T09:02+0500
2023-09-01T09:02+0500
дар тоҷикистон
мактаб
хонанда
хонандагони синфи 1-ум
хатлон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1f/1059161115_0:114:1015:685_1920x0_80_0_0_96d818b22536c38e1c887512be54df92.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Қарор аст имсол ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як равад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.Ба иттилои манбаъ қабули кӯдакон ба соли нави хониш дар ҳама муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон омода шудаанд.“Бо дастгирии Ҳукумтаи кишвар, Вазорати маориф, ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд ҳама муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониши 2023-2024 омода гардида, бояд 110 ҳазор кӯдак бори нахуст қадами худро ба остонаи мактаб гузоранд”, - иттилоъ додааст Раёсати маорифи вилояти Хатлон.Қайд карда шудааст, ки танҳо дар моҳи сентябр, яъне дар арафаи соли нави таҳсил ва ҷашни 32-солагии истиқлоли давалтии кишвар 71 иншоот дар соҳаи маорифи вилоят бо 541 синфхона, 18 кабинети корӣ, 1 толори варзишӣ бо фарогирии 24 ҳазору 880 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.Раёсати морифи вилояти Хатлон рӯзи пеш 5 иншоот дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.Ҳамзамон Раёсати морифи вилоят зикр кардааст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба соли нави хониш, "Рӯзи дониш" ва "Дарси сулҳ" кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ ба муассисаҳои таълимӣ барои кумаку назорати омодагӣ сафарбар гардидаанд.Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ дар сатҳи баланд омодагӣ дида истодаанд.
https://sputnik.tj/20230807/maqomot-khatlon-maktab-mavzehoi-khavfnok-joygir-1058691791.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1f/1059161115_0:19:1015:780_1920x0_80_0_0_6d58629d78568e2f6169909a1c4b3da1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, синфи як, кӯдак, хонанда, хатлон, мактаб
тоҷикистон, маориф, синфи як, кӯдак, хонанда, хатлон, мактаб
1 сентябр дар Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як меравад
Дар вилояти Хатлон тамоми муассисаҳои соҳаи маориф ба ба соли нави хониш ва қабули кӯдаконе, ки ба синфи як мераванд омодагӣ дидаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Қарор аст имсол ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон 110 ҳазор кӯдак ба синфи як равад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ қабули кӯдакон ба соли нави хониш дар ҳама муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон омода шудаанд.
“Бо дастгирии Ҳукумтаи кишвар, Вазорати маориф, ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд ҳама муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониши 2023-2024 омода гардида, бояд 110 ҳазор кӯдак бори нахуст қадами худро ба остонаи мактаб гузоранд”, - иттилоъ додааст Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Қайд карда шудааст, ки танҳо дар моҳи сентябр, яъне дар арафаи соли нави таҳсил ва ҷашни 32-солагии истиқлоли давалтии кишвар 71 иншоот дар соҳаи маорифи вилоят бо 541 синфхона, 18 кабинети корӣ, 1 толори варзишӣ бо фарогирии 24 ҳазору 880 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Раёсати морифи вилояти Хатлон рӯзи пеш 5 иншоот дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон Раёсати морифи вилоят зикр кардааст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба соли нави хониш, "Рӯзи дониш" ва "Дарси сулҳ" кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ ба муассисаҳои таълимӣ барои кумаку назорати омодагӣ сафарбар гардидаанд.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ дар сатҳи баланд омодагӣ дида истодаанд.