https://sputnik.tj/20230901/rahmon-danghara-dars-sulh-1059162394.html
Раҳмон дар Данғара дарси сулҳ мегузаронад
Раҳмон дар Данғара дарси сулҳ мегузаронад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ҳамасола тибқи анъана дар рӯзи аввали сентябр дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дарси сулҳ барои муаллимону муҳассилин мегузаронад
2023-09-01T09:40+0500
2023-09-01T09:40+0500
2023-09-01T09:41+0500
дар тоҷикистон
маориф
эмомалӣ раҳмон
данғара
муҳассилин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/58/1026805882_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_cc28e0d68e605f562a7912b280b3451b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок мекунад. Дар баробари ин интизор меравад, ки президент иншооти мухталифи таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро ифтитоҳ кунад. Кушодани корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ аз ҳадафҳои дигари сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара арзёбӣ гардидаст. Дар барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон инчунин мулоқот бо фаъолону сокинони вилояти Хатлон низ дар назар мебошад. Маросими истиқболи раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Данғара баргузор гардид. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар маросими истиқбол за ҷумла раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҷавонон иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи Рӯзи дониш дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дарси сулҳ мегузаронад, ки одатан онро муҳассилин дар тамоми ҷумҳурӣ дастаҷамъона тамошо мекунанд.
https://sputnik.tj/20230901/sentyabr-khatlon-kudak-sinfi-yak-1059161299.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/58/1026805882_115:0:1926:1358_1920x0_80_0_0_aac40f25931950bd655643c981b316ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, данғара, таълим, муҳассилин
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, данғара, таълим, муҳассилин
Раҳмон дар Данғара дарси сулҳ мегузаронад
09:40 01.09.2023 (Навсозишуда: 09:41 01.09.2023) Президенти Тоҷикистонҳамасола тибқи анъана дар рӯзи аввали сентябр дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дарси сулҳ барои муаллимону муҳассилин мегузаронад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок мекунад.
Дар баробари ин интизор меравад, ки президент иншооти мухталифи таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро ифтитоҳ кунад.
Кушодани корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ аз ҳадафҳои дигари сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара арзёбӣ гардидаст.
Дар барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон инчунин мулоқот бо фаъолону сокинони вилояти Хатлон низ дар назар мебошад.
Маросими истиқболи раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар маросими истиқбол за ҷумла раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҷавонон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи Рӯзи дониш дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дарси сулҳ мегузаронад, ки одатан онро муҳассилин дар тамоми ҷумҳурӣ дастаҷамъона тамошо мекунанд.