Дониши забони русии фарзандони муҳоҷиронро дар Сургут месанҷанд

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкРоссийские учебники по русскому языку
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Обуна шудан
Дар асоси натиҷаҳои санҷишҳо маъмурияти муассисаи таълимӣ қарор қабул мекунад, ки оё кӯдак ба курсҳои иловагии забони русӣ ниёз дорад ё на
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Сургут кӯдакони хориҷӣ барои донистани забони русӣ имтиҳон хоҳанд шуд.
Дар ин бора мақомоти маорифи минтақа иттилоъ дода, афзуд, ки қабл аз қабул бо муҳассилин мусоҳиба гузаронда мешавад.
Дар асоси натиҷаи санҷишҳо маъмурияти муассисаи таълимӣ тасмим мегирад, ки кӯдак ба курсҳои иловагии забони русӣ ниёз дорад ё на.
Чунин тадбирҳо барои осон кардани мутобиқшавии талабаҳо дар байни ҳамсолонашон ҷорӣ карда мешаванд.
Советник президента РФ, председатель Совета при Президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Фадеев хостори таълими забони русӣ ба фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби давлат шуд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Шӯрои ҳуқуқи башари Русия пешниҳод карда буд, ки ба кӯдакони муҳоҷирон бояд қабл аз рафтанашон ба мактаб дар марказҳои махсус забони русӣ омӯзонида шавад.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башар дар Русия, Валерий Фадеев гуфт, қабули кӯдакони дорои дониши нокифояи забони русӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қобили қабул нест.
Вай тавзеҳ дод, ки дар марказҳои вижа ба кӯдакони муҳоҷир бояд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонанд.
Ҳамасола аз кишварҳои собиқ шӯравӣ миллионҳо нафар аз кишварҳои дуру наздик барои пайдо кардани рӯзияшон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд ва бархеи онҳо бо кӯдаконашон ба ин кишвар меоянд.
Лентаи хабарҳо
0