https://sputnik.tj/20230901/dasturi-payvastani-ilmu-istehsolot-dar-tojikiston-1059165493.html
Дастури пайвастани илму истеҳсолот дар Тоҷикистон
Дастури пайвастани илму истеҳсолот дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор гардидааст, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохторҳои дахлдор пайванди илму истеҳсолотро мавриди омӯзиш қарор диҳад
2023-09-01T13:29+0500
2023-09-01T13:29+0500
2023-09-01T13:29+0500
дар тоҷикистон
саноат
таҳсил
истеҳсолот
норозигӣ
дастгоҳи президент
комиссия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102227/96/1022279699_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_f9ec9de60e2ebcccffa6e9a14e320827.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон комиссияи вижа барои омӯзиши ҷорӣ намудани дастовардҳои ихтироъкорон дар истеҳсолот ташкил мешавад. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара дастур дод. "Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст", - таъкид кард президент. Вай Дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор намуд, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис диҳаду масъаларо омӯзад. "Вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад", - зарур хонд Раҳмон.Раисҷумҳур инчунин аз вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба "Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.Дастгоҳи иҷроияи президент муваззаф шудааст, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.
https://sputnik.tj/20230901/barnoma-bunyod-kudakiston-tojikiston-ijro-1059164967.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102227/96/1022279699_57:0:945:666_1920x0_80_0_0_821bdc13b40d72f09cb15f861e875eff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, пайванд, илм, истеҳсолот, сохтор, мақомот
эмомалӣ раҳмон, пайванд, илм, истеҳсолот, сохтор, мақомот
Дастури пайвастани илму истеҳсолот дар Тоҷикистон
Дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор гардидааст, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохторҳои дахлдор пайванди илму истеҳсолотро мавриди омӯзиш қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон комиссияи вижа барои омӯзиши ҷорӣ намудани дастовардҳои ихтироъкорон дар истеҳсолот ташкил мешавад.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара дастур дод.
"Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст", - таъкид кард президент.
Вай Дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор намуд, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис диҳаду масъаларо омӯзад.
"Вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад", - зарур хонд Раҳмон.
Раисҷумҳур инчунин аз вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба "Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Дастгоҳи иҷроияи президент муваззаф шудааст, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.