Агент 006 бе дастовард майдонро тарк кард: вазири дифои Бритониё истеъфо дод

© AP / Frank AugsteinМинистр обороны Великобритании Бен Уоллес - РИА Новости, 1920, 24.05.2021
Министр обороны Великобритании Бен Уоллес - РИА Новости, 1920, 24.05.2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Вазир гуфт, пас аз мулоҳизаҳои зиёд тасмим гирифт, ки истеъфо бидиҳад, аммо коршиносон мегӯянд, ин охирин истеъфо дар мақомҳои калидии ин кишвар нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Вазири мудофиаи Британия Бен Уоллес истеъфо дод, хабар медиҳанд расониҳои бритониёӣ.
Вай дар замони раҳбарии Борис Ҷонсон дар ин вазифа таъйин гардида тӯли чаҳор сол умури низомии ин кишварро раҳбарӣ мекард.

"Ин аст охири хат дӯстон! Хизмат кардан ба ин миллати бузург шарафи бузургтарин барои ман буд", - навиштааст Бен Уоллес дар X (собиқ Твиттер).

Мавсуф аллакай ба сарвазири Британияи Кабир Риши Сунак паёми истеъфоияшро фиристодааст, ки вай дар навбати худ онро пазируфт, менависад, Sky News.
Моҳи июн дар мусоҳиба бо нашрияи Times Уоллес эълон кард, ки нияти истеъфои худро дар рафти дигаргунсозии кобинаи вазирони Бритониё гирифта буд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз истеъфо мехоҳад "ба зиндагии оддии берун аз сиёсат баргардад ва аз кор дар майхонае хушҳол мешуд".
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи директори Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии кишварҳои нав, дотсенти Академияи молияи назди ҳукумати ФР Алексей Мартинов, истеъфои Уоллес шояд ба он сабаб бошад, ки нақшаи аз ҷониби сарвазири собиқ Борис Ҷонсон дар атрофи қазияи Украина оғозшуда барои сохтани як "шабаҳи"-и зиддирусӣ, маъмурияти худро тамом кардааст.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд
Мартнов тахмин мезанад, ки дар пайи Уоллес, раиси хадамоти кашфи хориҷии MI6 Ричард Мур низ имкон дорад, истеъфо диҳад.
Аммо намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова бошад, истеъфои вазири дифои Бритониёро ба тамасхур кашидааст.
"Агенти 006 бе шаъну шараф майдони ҷангро тарк кард", - навиштааст дар Telegram-каналаш.
"Биёед бо шахсияти масъули олуда кардани заминҳои Украина бо радиатсия тавассути интиқоли снарядҳои ураниум ба режими Киев видоъ кунем. Агенти 006 беобрӯ майдони ҷангро тарк кард",- навиштааст Захарова.
Лентаи хабарҳо
0