Юнон зери хокистар: Эврос пас аз сӯхторҳои шадиди ҷангал – видео

Обуна шудан
Яке аз минтақаҳои маъруфи сайёҳии Юнон дар натиҷаи сӯхторҳои шадиди ҷангал, ки аз нимаи моҳи июл инҷониб кишварро фаро гирифтааст, қариб пурра сӯхтааст
Дар навор, ки тавассути паҳпод сабт шудааст, дида мешавад, ки ҳоло ин минтақа дар чӣ ҳоли харобе дорад.
Сӯхтори ҷангалҳо дар Юнон дар маҷмӯъ 77 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард. Сӯхтор ба далели ҳарорати баланди ҳаво дар нимаи моҳи июл оғоз шуд, аммо бузургтарин оташсӯзии ҷангал дар Аврупо имсол ду ҳафта пеш дар Юнон оғоз шуда ва то ҳол хомӯш карда нашудааст.
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Сӯхтор дар наздикии шаҳри Искандаруполис оғоз шуд ва ба зудӣ дар саросари минтақаи Эврос дар шимолу шарқи Юнон паҳн шуд, ки шамолҳои шадид ва ҳавои гарм ба он кӯмак мекунад.
Дар натиҷаи сӯхторҳо беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Садҳо нафар наҷотдиҳандагон ба хомӯш кардани сӯхтор ҷалб карда шуданд, давоми 11 рӯз дар ҷангали Дадия ба сӯхторнишонӣ машғул буданд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз сад сӯхтор сабт шудааст, ки мардумро маҷбур кардааст, ки аз манотиқи хатарнок кӯч банданд.
Лентаи хабарҳо
0