Раҳмон раисҷумҳури собиқи Туркманистонро ба нишасти сарони кишварҳои ОМ даъват кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон, Шавкат Мирзеев, Гурбангулы Бердымухамедов, Касым-Жомарт Токаев и Садыр Жапаров
Эмомали Рахмон, Шавкат Мирзеев, Гурбангулы Бердымухамедов, Касым-Жомарт Токаев и Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Сарвари Тоҷикистон мутмаин аст, ки нишасти дарпешистода ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Шӯрои мардумии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов паём ирсол кард.
Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркманистон менависанд.
Гуфта мешавад, ки сарвари давлат раҳбари собиқи ҷумҳурии ҳамсояро барои ширкат дар музокироти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе даъват кардааст.
"Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи эътимодбахши сиёсӣ, бо камоли мамнуният, шуморо барои ширкат дар ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунам", - омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки мулоқоти дарпешистода ба таҳкими раванди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти минбаъдаи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми машваратии кишварҳои Осиёи Марказиро раисӣ мекунад
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Маълум шуд сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе чӣ масоилро баррасӣ хоҳанд кард
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин ҷо сарони ҳукуматҳои минтақа дар бораи самаранокии иҷрои қарордодҳои ҷорӣ сухан хоҳанд гуфт ва, ҳамчунин, созишномаҳои нав имзо хоҳанд расонид.
Лентаи хабарҳо
0