Маълум шуд сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе чӣ масоилро баррасӣ хоҳанд кард

© ВУХ-и ТоҷикистонМуовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Дар вохӯрии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе маҷмуи масъалаҳои муҳими дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкории судманди гуногунсоҳа байни давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд.
Дар ин бора дар брифинги матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи оқои Имомӣ дар анҷоми нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин ду чорабинии сатҳи баланд – вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе чорабиниҳои гуногун багузор мешаванд.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъват шуд
Аз ҷумла, Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) "Иқтисоди рақамӣ. Савдои рақамӣ ва инноватсия", Форуми дуюми ректорони давлатҳои ОМ, ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои ОМ, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ- "Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ОМ", Форуми олимони ОМ, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони ОМ, Форуми волонтёрони ОМ, Форуми ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонони ОМ, Форуми соҳибкорони ҷавони ОМ.
Инчунин дар доираи ин чорабиниҳо Намоиш - фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарон ва Намоишгоҳи "Таомҳои миллӣ" ташкил мешавад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ин ду чорабинии муҳим таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0