https://sputnik.tj/20230831/rahmon-dushanbe-maktab-kudakiston-boz-1059146013.html
Пеш аз оғози соли хониш, Раҳмон дар Душанбе мактабу кӯдакистон боз кард
Пеш аз оғози соли хониш, Раҳмон дар Душанбе мактабу кӯдакистон боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар остонаи соли нави таҳсил дар Душанбе як кӯдакистон ва як мактаби миёна ботантана ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
2023-08-31T11:03+0500
2023-08-31T11:03+0500
2023-08-31T19:44+0500
дар тоҷикистон
душанбе
эмомалӣ раҳмон
ифтитоҳи мактаб
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/52/1028485222_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_385f496a76081bbd670fffb76ca07c18.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи кӯдакистону мактаб дар шаҳри Душанбе ширкат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки муассисаи томактабии рақами 40 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, он метавонад 250 нафар кӯдаконро қабул кунад, ки онҳо ба 11 гурӯҳ тақсим мешаванд. Роҳбари ҷумҳурӣ бо кормандони муассиса сӯҳбат намуда, онҳоро ба тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуд. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ноҳияи Душанбе мактаби рақами 53-ро ифтитоҳ карданд. "Дар муассисаи таълимӣ 80 омӯзгор кор мекунад. Мактаб бо 50 синфхона, толори варзишӣ ва таҷҳизоти замонавии техникӣ муҷаҳҳаз аст", - иттилоъ доданд ба президент дар маросими кушодашавӣ. Эмомалӣ Раҳмон бо шароитҳои дар мактаби нав фароҳамовардашуда шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба мутахассисони ватанӣ барои саҳми арзандаашон дар ободонии шаҳр изҳори сипос намуд. Ёдовар мешавем, ки бо супориши раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ идома дорад. Ҳамин тавр, дар пойтахт 6 муассисаи таҳсилоти миёна барои 3,3 ҳазор ҷой ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 ҷой ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сохтмони 13 муассисаи таълимӣ барои 13,7 ҳазор хонанда дар як баст идома дорад.
https://sputnik.tj/20230830/arzishi-libosi-maktabi-tojikiston-chand-ast-1059136878.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/52/1028485222_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_8df50cfe62d827afbd25c6a1bcb213d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон душанбе мактаб кӯдакистон боз
раҳмон душанбе мактаб кӯдакистон боз
Пеш аз оғози соли хониш, Раҳмон дар Душанбе мактабу кӯдакистон боз кард
11:03 31.08.2023 (Навсозишуда: 19:44 31.08.2023) Дар остонаи соли нави таҳсил дар Душанбе як кӯдакистон ва як мактаби миёна ботантана ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи кӯдакистону мактаб дар шаҳри Душанбе ширкат кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муассисаи томактабии рақами 40 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, он метавонад 250 нафар кӯдаконро қабул кунад, ки онҳо ба 11 гурӯҳ тақсим мешаванд.
"Таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад", - таъкид кардааст хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Роҳбари ҷумҳурӣ бо кормандони муассиса сӯҳбат намуда, онҳоро ба тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ноҳияи Душанбе мактаби рақами 53-ро ифтитоҳ карданд.
"Дар муассисаи таълимӣ 80 омӯзгор кор мекунад. Мактаб бо 50 синфхона, толори варзишӣ ва таҷҳизоти замонавии техникӣ муҷаҳҳаз аст", - иттилоъ доданд ба президент дар маросими кушодашавӣ.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароитҳои дар мактаби нав фароҳамовардашуда шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба мутахассисони ватанӣ барои саҳми арзандаашон дар ободонии шаҳр изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ идома дорад.
Ҳамин тавр, дар пойтахт 6 муассисаи таҳсилоти миёна барои 3,3 ҳазор ҷой ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 ҷой ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сохтмони 13 муассисаи таълимӣ барои 13,7 ҳазор хонанда дар як баст идома дорад.