Арзиши либосӣ мактабӣ дар Тоҷикистон чанд аст?

Обуна шудан
Мақомот иддао дорад, нархи либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон барои соли нави хониш 220-240 сомонӣ ё беш аз 20 доллар таъин шудааст
Дар воқеъ барои равон кардани як фарзанд ба мактаб чӣ қадар ҳадди миёна пул лозим аст - ба тасвирбаёнӣ Sputnik Тоҷикистон нигаред.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, Абдурауф Пӯлодов, як мақоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дода буд, ки корхонаҳои ватанӣ то моҳи июн беш аз 1 миллиону 700 ҳазор адад сарулибоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки мутобиқ ба талабот будааст.
Ба қавли ӯ, ба Тоҷикистон либоси мактабии истеҳсоли Узбекистон ҳам ворид мешавад ва ин либос бояд бо арзиши 180 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад.
Дар Тоҷикистон меъёри ягонаи либоси мактабӣ амал мекунад, вале бо вуҷуди иддаои мақомот дар бораи истеҳсоли либоси босифат, шикоят аз начандон қонеъкунанда будани он ва маҳдуд будани имкони харидории либоси мактабии хуб кам нест.
Кӯлвор бо лавозимоти хонишу навиштафзорҳо чанд сомонист?
Аммо сокинони кишвар аз гаронӣ ва сифати пасти либосҳои истеҳсоли истеҳсоли дохилӣ шикоят мекунанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад.
Аз ин шумора 36 корхона дар Суғд, 29 адад, дар Хатлон, 4 адад дар Бадахшон, 9 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар Душанбе фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0