Низомиёни узви СПАД усулҳои нави ҷангро кор мекунанд

© Министерство обороны РФУчения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона "Рубеж-2022"
Учения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар размоишҳои густурда, ки дар Беларус доир мегардад, шеваҳои нави ҷангро таҳия мекунанд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Артиши кишварҳои узви СПАД дар машқҳо бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи созмони муштарак-2023 дар Беларус усулҳои нави ҷангро кор мекунанд.
Дар ин бора Вадим Денисенко, раҳбари тамриноти вижа, фармондеҳи нерӯҳои амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Беларус изҳор дошт.
"Машқҳои СПАД аҳамияти худро гум намекунанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки дар як сол як маротиба иттифоқчиёни мо табодули таҷриба кунанд. Мо мебинем, ки вазъ дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, санъати ҳарбӣ дигар мешавад", - гуфт хадамоти матбуоти вазорати дифои Беларус аз қавли Денисенко.
Тамриноти "Бародарони ҷангӣ-2023" аз 1 то 6 сентябр дар қаламрави Беларус баргузор мешаванд.
Дар ин барнома чанд машқҳои вижа, аз ҷумла “Муомила-2023” бо тавсеъаи истифода аз нерӯҳо ва васоили СПАД барои “ҳалли вазъи бӯҳронӣ дар минтақаи Аврупои шарқии амнияти дастаҷамъии созмон” пешбинӣ шудааст.
"Мо мебинем, ки чиро ва дар куҷо беҳтар кардан лозим ва ҳадафҳову вазифаҳои соли ояндаро муайян мекунем, он нуктаҳоеро, ки мо дар амалияи ҳаррӯза ба онҳо такя мекунем, мушаххас мекунем", - афзуд ӯ.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Лукашенко пешниҳод кард, ки стратегияи нави СПАД таҳия шавад
Гуфта мешавад, ки ба ин размоиши муштарак ва вижаи кишварҳои узви ин созмон то 3,7 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.
Илова бар ин, дар тамринҳо то 700 намуди аслиҳа, техникаҳои низомӣ ва махсус дар марҳилаҳои гуногун ва беш аз 500 намуд дар машқҳо дар қаламрави Беларус истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0