Лукашенко пешниҳод кард, ки стратегияи нави СПАД таҳия шавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Обуна шудан
Раҳбари Белорус зарур мешуморад, ки консепсияи стратегияи нави амнияти дастаҷамъии созмон барои давраи то соли 2035 таҳия карда шавад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Масъалаи таҳияи барномаи ояндаи амнияти қитъаи Авруосиё аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар ин бора, Александр Лукашенко - раисиҷумҳури Белорус дар мулоқот бо котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, ки дар Минск ҷараён дорад, изҳор дошт.

"Бо дарназардошти тағйироти васеъмиқёси таҳдидҳо, аллакай дар бораи консепсияи стратегияи нави амнияти дастаҷамъии созмон барои давраи то соли 2035 андеша кардан бамаврид аст", - менависад Белта аз қавли раҳбари Белорус.

Вай афзуд, ин зарурат низ ба он вобаста аст, ки санади мавҷуд дар соли 2016 қабул шуда, то соли 2025 ҳисоб шудааст.
Лукашенко ҳамчунин таъкид кард, ки таҳримҳои Ғарб ба кишварҳои СПАД низ дахл доранд.
Вазирони дифои кишварҳои СПАД дар Минск таҳдидҳоро баррасӣ мекунанд
"Мо бо русиягиҳо мебинем, ки меҳмонони амрикоӣ аз Арманистон сар карда то Тоҷикистон чӣ гуна рафтанд, онҳо ба шумо фишор меоранд, ки бо мо ҳамкорӣ накунед", - гуфт Лукашенко.
Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо аз як абзори маҷбурӣ ба сулҳу амният ба як таҳдиди нави мураккаб дар миқёси ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0