https://sputnik.tj/20230831/afzoish--taboduli-kolo-rusiya-va-tojikiston-1059156613.html
Афзоиши назарраси табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон
Афзоиши назарраси табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон 9,8% афзоиш ёфтааст
2023-08-31T17:59+0500
2023-08-31T17:59+0500
2023-08-31T18:50+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
ҳамкорӣ
равобит
додугирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6b1f3fbaf5f06290b2df3da2e3abbd7b.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии омори кишвар, табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон ба 997,4 млн доллар расидааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8% афзоиш ёфтаааст. Тибқи иттилои манбаъ, воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар ин муддат ба 907,6 млн доллар, содироти коло ба Русия 89,7 миллион долларро ташкил додааст. Тибқи омор дар моҳҳои январ-июл Русия бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ИДМ ва ҳам миёни кишварҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол миёни кишварҳои ИДМ бо Тоҷикистон бештар Қазоқистон додугирифт кардааст. Ба иттилои Агентӣ дар ҳафт моҳи соли равон тиҷорат миёни ин ду кишвар ба 648,3 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1% кам шудааст. Аз кишварҳои узви ИДМ нестанд, Тоҷикистон бештар аз ҳама бо Чин тиҷорат кардааст.Ба иттилои Агентии омор, давоми 7 моҳи соли равон додугирифт 824,7 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6% афзоиш ёфтааст.Додугирифти Тоҷикистону Русия дар соли гузашта беш аз 1,6 млрд. долларро ташкил дод .Моҳи июни соли 2023 Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон дидан кард. Ӯ дар доираи сафараш ба ҳайси ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ хабар дод, ки ду кишвар имкони рушди минбаъдаи гардиши молро доранд.
https://sputnik.tj/20230815/muhriddin-tahrimho-zidd-rusiya-tojikiston-dakhl-1058836501.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_92aed5d20dfa0d927e49d19886d908b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, табодули коло мол, қазоқистон, омор
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, табодули коло мол, қазоқистон, омор
Афзоиши назарраси табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон
17:59 31.08.2023 (Навсозишуда: 18:50 31.08.2023) Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон 9,8% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии омори кишвар, табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон ба 997,4 млн доллар расидааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8% афзоиш ёфтаааст.
Тибқи иттилои манбаъ, воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар ин муддат ба 907,6 млн доллар, содироти коло ба Русия 89,7 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи омор дар моҳҳои январ-июл Русия бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ИДМ ва ҳам миёни кишварҳои хориҷӣ ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол миёни кишварҳои ИДМ бо Тоҷикистон бештар Қазоқистон додугирифт кардааст. Ба иттилои Агентӣ дар ҳафт моҳи соли равон тиҷорат миёни ин ду кишвар ба 648,3 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1% кам шудааст.
Аз кишварҳои узви ИДМ нестанд, Тоҷикистон бештар аз ҳама бо Чин тиҷорат кардааст.
Ба иттилои Агентии омор, давоми 7 моҳи соли равон додугирифт 824,7 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6% афзоиш ёфтааст.
Додугирифти Тоҷикистону Русия дар соли гузашта беш аз 1,6 млрд. долларро ташкил дод .Моҳи июни соли 2023 Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон дидан кард. Ӯ дар доираи сафараш ба ҳайси ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ хабар дод, ки ду кишвар имкони рушди минбаъдаи гардиши молро доранд.